Худоёрзода ба нафақа рафт, Азим Иброҳим вазири нақлиёт таъин шуд

Shared to Facebook

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз вазифа барканор шуда, муовини сарвазири ҷумҳурӣ ба ин вазифа таъин гардид. Ҳамчунин, як қатор сафирон дар кишварҳои хориҷӣ аз вазифа озод ва сафирони нав таъин шуданд.

Бо Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Худоёр Худоёрзода аз вазифаи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ бо сабаби баромадан ба нафақа озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Cарвари давлат, бо фармонҳои дигари президент Азим Иброҳим аз вазифаи муовини сарвазир озод шуда, вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин гардид.

Ба вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон ба ҷойи Азим Иброҳим ҳоло касе таъин нашудааст.

Ҳамчунин, рӯзи 31 август Президенти Тоҷикистон фармонҳои аз вазифаҳо озод кардани як қатор сафирони кишвар дар давлатҳои хориҷиро ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Парвиз Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам озод карда шуд.

Ба ҷои ӯ Саидзода Зоҳир Озод сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таъин карда шудааст.

Заробиддин Қосимӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ озод карда шуда, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср таъин гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъин карда шуд.