Соли 2025 барои сохтмони НБО “Роғун” 8,2 млрд сомонӣ равона шудааст

Shared to Facebook Shared to Max

Танҳо соли 2025 барои идомаи корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 8,2 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин бора зимни маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маълумот додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” маблағҳои заруриро пешбинӣ менамояд.

Дар маҷлиси умумии саҳмдорон, ки имрӯз, 11 июн баргузор гардидааст, маълумот дода шудааст, ки дар ду соли охир НБО “Роғун” беш аз 2 миллиард килловат/соат барқ истеҳсол кардааст:

“Бо назардошти баланд шудани сатҳи оби обанбори неругоҳ соли 2025 истеҳсоли қувваи барқ низ нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат – таъмини истиқлолияти комили энергетикӣ қадами муҳим гузошта шуд”, — гуфта шудааст дар маҷлиси саҳмдорон.

Иттилоъ дода шудааст, ки истеҳсоли қувваи барқ дар неругоҳ соли 2025 зиёда аз 1,6 миллиард килловат/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 400 миллион килловат/соат зиёд аст.

Ба иттилоъи АМИТ “Ховар”, маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон 9 масъала, аз ҷумла, ҳисоботи директори генералии ҶСК “Неругоҳи барқи обии Роғун” вобаста ба фаъолияти ҷамъият дар соли 2025, масъалаи зиёд намудани сармояи оинномавӣ, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ, хулосаи аудитор барои соли 2025, интихоби аъзои Шурои нозирон ва аъзои комиссияҳои тафтишотӣ ва баҳисобгирии ҶСК “Неругоҳи барқи обии Роғун” баррасӣ гардидаанд.

Дар маҷлис ҳамчунин аъзои Шурои нозирони ҶСК “Неругоҳи барқи обии Роғун” дар ҳайати 13 нафар ва комиссияи тафтишотии Ҷамъият иборат аз 5 нафар тасдиқ гардидаанд.