Сироҷиддин Муҳриддин: “Тоҷикистон бояд ба шароити нав омода бошад”

Shared to Facebook

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 27 июл муҳимтарин ҳаводиси дохилу хориҷ, аз ҷумла, роҳандозии парвозҳо ба Русия, овардани шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар, вазъи марз бо Афғонистон ва баҳс бо Қирғизистон, вазъи кунунии ҷаҳон ва дигар масоили мубрамро шарҳ дод.

Дар як ҳафта 14 парвоз ба Русия

Аз ҷумла, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ин нишаст хабар дод, ки минбаъд ҳафтае 14 парвоз (ҳамарӯза 2 парвоз) дар самти Тоҷикистону Русия амалӣ мешавад:

“Аз имрӯз Тоҷикистон иҷозати амалӣ намудани 2 парвози ҳаррӯза самти Тоҷикистону Русияро гирифт. Минбаъд дар як ҳафта 14 парвоз амалӣ мешавад”, — хабар дод вазир.

Қаблан Тоҷикистон барои ба даст овардани иҷозатномаи амалӣ намудани парвозҳои ҳаррӯза ба Русия ба ҳукумати он кишвар муроҷиат намуда буд.

16,4 ҳазор нафар омаданд, беш аз 42 ҳазори дигар дар навбат

Ҳамзамон, бино ба маълумоти вазир, бо дастур ва супоришҳои Президенти кишвар, дар даврони ҳамагирии COVID-19 беш аз 16 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, Вазорат дар ҷалби ёрии башардӯстонаи байналмилалӣ ва баргардондани шаҳрвандони мо аз хориҷа, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Чин, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Олмон, Ҳиндустон, Туркия, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон, Покистон ва ғайра дармонда буданд, саҳми босазо гузошт:

“Аз ҷумла, дар ин давра аз 16 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон 10 ҳазору 623 нафар тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва 5 ҳазору 777 нафар тариқи роҳҳои заминӣ ба Ватан оварда шуданд. Инчунин дар ин давра 207 ҷасади шаҳравандони Тоҷикистон барои дафн шудан дар Ватан интиқол дода шуданд”,-маълумот дод ӯ.

Ба иттилои вазир, аз ин теъдод зиёда аз 10,5 ҳазор нафар тавассути алоқаи ҳавоӣ ва қариб 6 ҳазор шаҳрванд тавассути нақлиёти заминӣ ба ҷумҳурӣ фиристода шуданд:

“Рӯзҳои 28 ва 29 боз 200 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои вайрон кардани қонунҳои Русия депортатсия ва ҳабс карда шудаанд, интиқол хоҳем дод”, — гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, то имрӯз беш аз 42 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ қарор доранд, барои баргаштан ба Ватан тариқи электронӣ ва хаттӣ ба Вазорат ва сафорату консулгариҳои Тоҷикистон муроҷиат намудаанд. Аз ин ҳисоб 41 ҳазор шаҳрвандон бо мақсади аз Русия ба Тоҷикистон баргаштан муроҷиат кардаанд.

Вазир гуфт, 31 ҳазор ариза тавассути почтаи электронӣ, боқимонда аризаҳои хаттӣ аз шаҳрвандон ба сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷа ворид шудаанд.

Ҳузури 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар урдугоҳҳои Сурия

Ҳамзамон ба ин, маълумот дода шуд, ки ҳоло дар урдугоҳҳои неруҳои мухолифи Ҳукумати Сурия зиёда аз 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор дошта, барои ба Ватан овардани 286 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавофуқот ба даст омадааст. Ба гуфтаи вазир, онҳо дар сурати ба эътидол омадани вазъи ҳамагирии COVID-19 ва барқарор шудани парвозҳои байналмилалӣ оварда мешаванд:

“Вазорат дар ин самт Сафири Тоҷикистонро дар Давлати Кувайт, ки ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Сурия аст, муаззаф намудааст. Инчунин Вазорат корро бо ниҳодҳои байналмилалӣ бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон хуб ба роҳ мондааст”, — изҳор дошт вазир.

Вазъ дар марз бо Афғонистон мураккаб аст

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин вазъият дар марз бо Афғонистонро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мураккаб боқӣ мемонад. Гуруҳҳои мусаллаҳ дар шимол Афғонистон, аз ҷумла Бадахшон, мунтазам ба постгоҳҳои ҳукуматӣ ҳамла мекунанд:

“Мо вазъи ин минтақаҳои Афғонистонро бодиққат назорат карда истодаем ва барои пешгирии вуруди ҷангҷӯёни гуруҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ ба қаламрави Тоҷикистон чораҳо меандешем”, — таъкид кард вазир.

Ба гуфтаи ӯ, барои ҳимояи сарҳади давлатии ҷумҳурӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амният ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст:

“Машваратҳои дуҷониба ва табодули иттилоот мунтазам байни Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор мешаванд. Умуман, гуфта метавонем, ки вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати қатъӣ қарор дорад”, — изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

Қирғизистон на ҳамеша талаботи санадҳоро риоя мекунад

Вобаста ба масъалаи баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки талаботи санадҳо оид ба масъалаи сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон на ҳамеша аз ҷониби кишвари ҳамсоя риоя мешаванд.

“Доир ба масоили сарҳад гуфтушунидҳо бо Қирғизистон соли 2002 оғоз гардида, 18 сол инҷониб идома доранд. Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо дар бораи 519,9 километр дигар қитъаҳои сарҳадӣ созиш ҳосил шуда, он ба санад дохил шуд. Баъди анҷоми расмиёти дохилӣ дар дохили ҳар кадоме аз кишварҳо мебоист дар ин бора байни кишварҳо созишнома ба имзо мерасид. Мо қисман расмиёти ҳуҷҷатҳоро анҷом додем, аммо ҷониби Қирғизистон бо сабабҳои гуногун аллакай 6-7 сол аст, ки имзои онҳоро рад мекунад”, — гуфт Сироҷидинн Муҳриддин.

Аз ҷумла, вазир протоколи байнидавлатии соли 2014 байни кишварҳо имзошударо мисол овард:

“Мувофиқи ин санад, ба ҷониби Қирғизистон сохтмони роҳи Оқ-Сой- Тамдик ҳамзамон бо роҳи алтернативии Хоҷаи Аъло — Ворух иҷоза шуд. Ба сохтмони роҳ Қирғизистон ҷавобгӯ буд. Онҳо роҳи барои худашон мувофиқро сохта, қитъаи роҳро ба Ворух фаромӯш карданд. Чунин қарордодҳо хеле зиёданд, лекин кишвари ҳамсоя ва бародар онҳоро иҷро намекунад”, — изҳор дошт вазир.

Мувофиқи ин санад, сохтмони роҳ 75{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} аз ҷониби Қирғизистон ва 25{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} аз ҷониби Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, онро Қирғизистон месозад.

Зикр шуд, ки бо вуҷуди созишномаи дуҷониба дар бораи манъи корҳои сохтмон дар қитъаҳои баҳсӣ, Қирғизистон ба бунёди иншоот идома медиҳад.

“Мо аз Қирғизистон риоя ва иҷрои ҳамаи қарордодҳои ҳосилшударо талаб мекунем, зеро онҳо аз ҷониби комиссияи дуҷониба омӯхта шуда, дар сатҳи баланд ба имзо расидаанд. Қирғизистон он замон бо ҳамаи бандҳои протоколҳои имзошуда розӣ буд. Агар ҳамаи бандҳои протоколҳои имзошуда риоя шаванд, дар мавзеъҳои наздисарҳади чунин вазъият ба вуҷуд намеояд”, — илова кард Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ дид

Дар ҳамин ҳол, вазир эътироф кард, ки вазъе, ки бар асари паҳншавии коронавируси нав дар кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд омад, ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонид:

“Ҷаҳон имрӯз бо буҳрони бузурге рӯбарӯ аст, ки метавонад нуқтаи таҳаввул дар таърихи муосир гардад. Дар давоми чанд моҳи пайдоиши Ковид-19, беморие, ки сабабгори он вируси нави корона аст, таҳлилгарон дидгоҳҳои гуногунро дар мавриди навъи ҷаҳоне, ки бемории ҳамагир пас аз худ мегузорад, баён карданд. Вале аксарият эътироф мекунанд, ки ҷаҳоне, ки мо ба он ворид шуда истодаем, ба таври бунёдӣ бо ҷаҳоне, ки қаблан вуҷуд дошт, тафовут хоҳад кард. Тоҷикистон бояд ба шароити нав омода бошад”, — изҳор дошт ӯ.