Мулоқоти Нуралиев бо намояндагони БАТР

Shared to Facebook

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар як мулоқот бо мудири минтақавии кор бо Институтҳои молиявӣ дар Осиёи Миёна Ҷаҳонгир Шамсиев ва роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Айтен Рустамова масоили марбут ба ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст:

“Дар мулоқот Муовини якуми Раиси БМТ аз ҳамкории самарабахш ва мутақобилан судманди БМТ бо БАТР изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки БМТ барои ҳамкориҳои тарафайн ҷиҳати ҷонибдорӣ аз аъзогӣ дар “Паймон барои дастрасии молиявӣ” изҳори сипос менамояд ва ба тавсеаи ҳамкории манфиатбахш барои дастгирии минбаъдаи бахши молиявии Тоҷикистон бо БАТР эътимод дорад”, — хабар доданд аз Бонки миллӣ.

“БМТ ва БАТР ҳамчун шарики боэътимод то имрӯз дар самти дастгирии низоми бонкии кишвар корҳои зиёдеро баҳри рушди низом роҳандозӣ намуда, густариши ҳамкориҳоро тавассути ҷалби кумакҳои техникӣ, мусоидат дар татбиқи фарҳанги муосири идоракунии корпоративӣ, ҳадафгирии таваррум, ба роҳ мондани ҳамкории муросилотии байнибонкӣ, рушди минбаъдаи бозори суғуртаи кишвар ва табодули таҷриба ба воситаи гузаронидани машғулиятҳои муштарак бо иштироки коршиносони байналмилалӣ дар доираи ҳамкории судманди ҳарду ҷониб муҳим арз медорад”,- гуфтааст Ҷамолиддин Нуралиев дар ин мулоқот.

Роҳбари Намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова ва мудири минтақавии кор бо Институтҳои молиявӣ дар Осиёи Миёна Ҷаҳонгир Шамсиев барои густариши ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди кумакҳои техникӣ дар самтҳои мухталиф, омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намудаанд.

Қайд карда шудааст, ки дар доираи ҳамкории шарикии БМТ ва БАТР бомуваффақият амалӣ гардидани “Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ”, соҳиби сертификати Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) шудани беш аз 270 нафар кормандони ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон шаҳодати ҳамкории зичу пурмаҳсули БМТ ва БАТР мебошад.

Ҳамчунин, зимни мулоқот намояндагони БАТР оид ба барномаи молиявии “Занҳо дар тиҷорат” маълумот манзур намуда, зикр кардаанд, ки роҳандозии барномаи мазкур имкон медиҳад, то бонувон бештар ба соҳаи бонкдорӣ, молия ва тиҷорат ҷалб гарданд ва дараҷаи тахассусии онҳо такмил ёбад.

Муовини якуми Раиси БМТ бо ҷонибдорӣ аз лоиҳаи мазкур таъкид намудааст, ки дар шароити феълӣ дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати молиявии бонувон ва ба ин тариқ, ҷалби бештари онҳо ба низоми бонкиву молия ва тиҷорат корҳои назаррас анҷом дода шуда истодаанд. Махсусан, дастгирии занҳои соҳибкор, ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкию молия ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати рушди касбии онҳо дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.

Имрӯз дар Тоҷикистон бонувон дар вазифаҳои пурмасъули раиси раёсат, муовини раис, сардорони идораву шуъбаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ самаранок фаъолият намуда истодаанд, ки гувоҳ аз фароҳам будани шароити муносиб барои бонувон ҷиҳати рушди фаъолияти онҳо мебошад, иброз доштааст Муовини якуми Раиси БМТ.

Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо бори дигар ба густариши ҳамкории пурсамар миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд таъкид намуда, хостори фаъолмандии бештар ҷиҳати рушди низоми бонкӣ ва иқтисодиёти кишвар гардидаанд.