Вакилони парламенти Тоҷикистон қонуни нави афвро қабул карданд

Shared to Facebook Shared to Max

Вакилони Маҷлиси намояндагон – палати поёнии парламенти Тоҷикистон, лоиҳаи қонун “Дар бораи афв”-ро баррасӣ ва қабул кардаанд.

Ба иттилои манобеъи хабарӣ, лоиҳаи ин қонун ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таҷлил мегардад, омода шудааст.

Гуфта мешавад, матни пурраи қонун ва шумораи дақиқи зиндониёне, ки озод ё муҳлати ҷазояшон кам мешавад, пас аз анҷоми расмиёти зарурӣ расман мунташир хоҳад шуд.

Лоиҳаи қонунро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ кардааст.

Ҳамчунин, ба иттилоъи АМИТ “Ховар”, масъалаи рӯзномаро ба вакилон раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Шуҳрат Ғанизода шарҳу тавзеҳ намудаанд.