Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси “Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об”, ки 15-уми июни имсол ба тасвиб расид, оғози марҳилаи сифатан нави рушди сиёсати хориҷии кишвар ва брендинги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Тоҷикистон, ки дар давоми зиёда аз ду даҳсолаи охир ҳамчун ташаббускори асосии масъалаҳои глобалии об ва иқлим дар доираи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) шинохта шудааст, бо таъсиси ин ҷоиза аз мақоми пешниҳодкунандаи платформаҳо ба мақоми маркази олии эътироф ва баҳогузории равандҳои глобалии обӣ гузашт.
Барои дарки аҳамияти амиқи ин фармон, зарур аст, ки онро дар контексти таърихии Дипломатияи оби Тоҷикистон (Tajikistan’s water diplomacy) баррасӣ намоем. Зеро ин ҷоиза иқдоми ҷудогона ё тасодуфӣ нест; он меваи мантиқии силсилаи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона пазируфта шудаанд:
— “Соли байналмилалии оби тоза, 2003” – ибтидои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари меҳварии обӣ дар рӯзномаи глобалӣ;
— Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015” – роҳандозии аввалин катализаторҳои ҳамкориҳои техникӣ ва молиявӣ дар сатҳи СММ;
— “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” – ташаббусе, ки аҳамияти дипломатияи об ва муколамаи байнидавлатиро устувор намуд;
— Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” – марҳалаи кунуние, ки низом ва сохтори истифодаи оқилонаи захираҳои обиро ҳадаф дорад;
— “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025” – қуллаи ташаббусҳои иқлимии кишвар, ки мушкили обшавии криосфераро ба рӯзномаи глобалӣ ворид кард.
— Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (солҳои 2025-2034) – иқдоми стратегӣ барои сафарбаркунии донишмандони ҷаҳон ба таҳқиқи устувори манбаъҳои яхи сайёра;
— “Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, 2025” – устуворсозии мавқеи Тоҷикистон дар яке аз калонтарин минтақаҳои ҷаҳон;
— “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ, 2025” – пайванди технологияҳои муосири рақамӣ бо сиёсати экологии минтақа;
— “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор, 2025” – таваҷҷуҳи махсус ба экосистемаҳои ҳассоси кӯҳӣ ва ҳифзи сарчашмаҳои оби тоза.
Бо дарназардошти ин заминаҳо, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президент дар соҳаи об нишон медиҳад, ки Тоҷикистон институти доимии ҳавасмандгардониро барои элитаи илмӣ ва сиёсии ҷаҳон эҷод мекунад. Ин иқдом ба “Раванди оби Душанбе” (Dushanbe Water Process) устувории дарозмуддат бахшида, таваҷҷуҳи ниҳодҳои байналмилалиро ба пойтахти кишвари мо доимӣ мегардонад ва ҳамин тавр, Душанберо ба “Пойтахти ҷаҳонии об” табдил медиҳад.
Ҳоло агар дар бораи моҳияти стратегии ҷоиза андешем, худ ба худ ин андеша рӯ мезанад, ки чаро ва то чӣ андоза ин ҷоиза саривақтӣ ва муҳим аст? Таҳлилҳо ба хулоса меоранд, ки аз лиҳози геополитикӣ, муҳитзистӣ, илму сиёсат ва ҳамкории байналмилалӣ, таъсиси ин ҷоиза дар шароит ва вазъи кунунии ҷаҳонӣ дорои ҷанбаҳои зиёди пураҳамият мебошад, ки муҳимтаринаш инҳоянд:
1. ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ГЕОПОЛИТИКӢ. Одатан, ҷоизаҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи илм ва рушд аз ҷониби кишварҳои абарқудрати иқтисодии Ғарб ё давлатҳои сарватманди Халиҷ (масалан, Ҷоизаи оби Стокголм ё Ҷоизаи шоҳ Ҳасани II дар Марокаш) таъсис дода шудаанд. Албатта, дар ин байн омили молиявӣ ҳам нақш дорад. Аммо, барои Тоҷикистон ин омил истисност, яъне кишвари мо на барои он ин ҷоизаро таъсис дод, ки ба қавле, “пули зиёд дораду онро чош додан мехоҳад”. Тоҷикистон бо ин иқдом исбот кард, ки як кишвари рӯ ба рушд, вале дорои захираҳои азими табиӣ ва иродаи қавии сиёсӣ, метавонад вазни сиёсии худро то дараҷаи таъсиси ҷоизаҳои глобалӣ боло барад. Ин “қудрати нарм” (Soft Power)-и махсуси Душанбе ва ҳамзамон садоқат ба ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об аст.
2. ВОКУНИШ БА ШИДДАТИ БУҲРОНИ ИҚЛИМ. Тибқи гузоришҳо ва таҳлилҳои охири коршиносӣ, Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи минтақаҳоест, ки аз тағйирёбии иқлим бештар осеб мебинад. Обшавии тезсуръати пиряхҳо дар Тоҷикистон ба амнияти обиву озуқавории тамоми минтақа таҳдид мекунад. Таъсиси ҷоиза дар ин самт таҳқиқоти илмӣ ва сиёсати устуворро ҳавасманд карда, роҳҳои инноватсионии бартараф намудани ин чолишҳоро ҷустуҷӯ менамояд.
3. ФАРОГИРИИ ИЛМ, СИЁСАТ ВА ҲАМКОРӢ. Ҳамон тавре аз матни фармони Президент бармеояд, ҷоиза барои “саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот ва сиёсати устувор” дода мешавад. Ин сохтори фарогир ба Комиссия имкон медиҳад, ки ҷоизаро на танҳо ба донишмандони соҳаи гидрология, балки ба сиёсатмадорон, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони иқлим, ки дар ҳалли буҳронҳо саҳм гузоштаанд, тақдим кунад. Ба ин маънӣ, ин ҷоиза як иқдоми маҳдуд нест – новобаста аз дараҷаи иҷтимоиву иқтисодӣ ё илмиву сиёсӣ он метавонад ҳамаро дар атрофи худ муттаҳид ва ҳавасманд намояд.
Аз сӯи дигар, маблағгузории ҷоиза аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода мешавад. Ин нукта аз нигоҳи таҳлили молиявӣ дорои аҳамияти хос аст. Ин, пеш аз ҳама, баёнгари иродаи қавии сиёсӣ ва уҳдадории ҷиддии давлати мо маҳсуб меёбад. Сарфи маблағ аз буҷет гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ин лоиҳа ҳамчун як сармоягузории дарозмуддат ба обрӯю эътибори кишвар менигарад ва омода аст барои таҳкими бренди хориҷии худ аз манбаъҳои дохилӣ истифода намояд.
Дуруст аст, ки ибораи “сарчашмаҳои дигар” заминаи ҳуқуқиро барои ҷалби грантҳо, саҳми созмонҳои молиявии байналмилалӣ (Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд ва ҳар манбаъи дигари ҳавасманд) ва фондҳои сабзи иқлимӣ боз мегузорад. Агар аз як тараф ин усул имкон диҳад, ки фонди мукофотӣ сарбории молиявии худро ба буҷет камтар намуда, дар айни замон ҳаҷми ҷоизаро дар сатҳи рақобатпазири ҷаҳонӣ нигоҳ дорад, аз сӯйи дигар, он хусусияти фаромиллии ҷоизаро нишон медиҳад. Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки сарпарастии ин ташаббуси бузург як иқдоми дастаҷамъӣ бошад ва кишвари мо дар саргаҳи ин раванд қарор гирад.
Ҳоло, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон ду моҳ муҳлат дода шудааст, то низомнома ва ҳайати Комиссияро таҳия ва тасдиқ кунад, умедворист, ки бо мақсади вазни воқеии байналмилалӣ пайдо кардани ин ҷоиза масъалаи байналмилалисозии Комиссия дар ҷойи аввал хоҳад буд, аз ҷумла, шомил кардани намояндагони созмонҳои бонуфуз, ба мисли ЮНЕСКО, Шӯрои ҷаҳонии об, Эътилофи об ва иқлим ба ҳайати Комиссияи ҷоиза. Аз як сӯ ин тасмим агар шаффофиятро дар сатҳи ҷаҳонӣ кафолат диҳад, аз сӯйи дигар, эътимод ва эътирофи онро хеле баланд мебардорад.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои бесобиқаи тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва камбуди оби ошомиданӣ рӯбарӯ аст, як иқдоми фавқулода муҳим, саривақтӣ ва дорои аҳамияти амиқи геополитикист.
Ба ин васила, кишвари мо уҳдадории худро барои наҷоти иқлими сайёра бо иқдомҳои мушаххаси институтсионалӣ собит месозад. Ин ҷоиза, ки дар дурнамо метавонад мақоми “Нобели обӣ”-ро касб кунад, элитаи илмию сиёсии ҷаҳониро атрофи Душанбе муттаҳид намуда, ба ҷалби сармояи соҳавӣ ва рушди устувори минтақа заминаи нав мегузорад.
Довуд ИСМАТӢ
“ИмрӯзNews”




