ГӮШТ ГАРОНУ БОЗОР ТАНГ: Чаро Тоҷикистон аз Ҳиндустон гӯшти арзону “Ҳалол” ворид намекунад?

Shared to Facebook Shared to Max

Таъмини бозори дохилии Тоҷикистон бо маҳсулоти гӯштӣ яке аз масъалаҳои муҳими амнияти озуқаворӣ боқӣ мемонад. Барои кишвари мо, ки дорои захираҳои маҳдуди табиӣ, иқлими кӯҳӣ ва вобастагии баланд аз воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад, ин масъала аҳамияти дучанд дорад. Афзоиши аҳолӣ, болоравии нархҳо ба ашёи хом ва маҳдуд будани имкониятҳои истеҳсоли дохилӣ боис гардидаанд, ки гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ барои қисме аз аҳолӣ дастнорас шаванд. Дар чунин шароит ҷалби манбаъҳои алтернативии таъминот, аз ҷумла воридоти гӯшт барои коркард ва истеҳсоли ҳасибу дигар маҳсулоти гӯштӣ, аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад. Ҳамзамон соҳибкорону истеҳсолкунандагони маҳсулоти гӯштиро водор месозад, ки роҳҳои алтернативии воридоти ашёи хомро ҷустуҷӯ кунанд. Аз ҷумла, айни замон масъалаи воридоти гӯшти говмеш аз Ҳиндустон мавриди баррасист. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар Осиёву Африқо ва аксаран мусалмоннишин маҳз аз ин кишвар гӯшт мегиранд ва ниёзҳои истеъмоливу истеҳсолияшонро қонеъ мекунанд. Чаро Тоҷикистон аз ин таҷриба кор намегирад? Воридоти гӯшти говмеш аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон то чӣ андоза метавонад мушкилоти камбуди гӯшт дар истеҳсолотро ҳал кунад? Дар ин матлаб ҳамин мавзӯъ баррасӣ шудааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли 2025 ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои Осиё, Аврупо, Амрикои шимоливу ҷанубӣ ба миқдори 7545 тонна гӯшт (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6603,4 тонна зиёд) ва гӯшти паранда 9892 тонна (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2167 тонна зиёд) ворид гардидааст.

Соли 2024 ба Тоҷикистон ҳудуди 15,7 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ва тибқи банди ҷудогонаи “гӯшт ва маҳсулоти фаръии он” — зиёда аз 8,7 ҳазор тонна ба маблағи қариб 30 млн доллар ворид шуда буд.

Аз ин маълумоти кутоҳ бармеояд, ки талабот ба гӯшти воридотӣ дар Тоҷикистон сол ба сол афзуда, зарурати пайдо намудани роҳҳои алтернативӣ ба миён меояд. Дар чунин шароит, ҷустуҷӯ ва татбиқи роҳҳои воқеӣ, аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок ва дарозмуддати таъмини бозори дохилӣ бо ашёи хоми дастрас зарурати объективӣ мебошад.

БА ТОҶИКИСТОН ЧӢ ҚАДАР ГӮШТ ДАРКОР АСТ?

Таври маълум, дар Тоҷикистон солҳои охир болоравии нархҳо ба маҳсулоти асосии ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, ба мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ табдил ёфта, яке аз мавзӯъҳои пайваста дар матбуот баррасишаванда аст.

Бо вуҷуди он ки чорводорӣ яке аз бахшҳои анъанавии иқтисоди деҳот дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, имкониятҳои воқеии он барои қонеъ намудани талаботи рӯз ба рӯз афзояндаи бозори дохилӣ маҳдуд мебошанд. Коршиносон сабабҳои асосиро чунин мешуморанд:

— камбуди чарогоҳҳои босифат ва хӯроки чорво;

— вобастагӣ аз шароити иқлимӣ ва мавсимият;

— сатҳи пасти механизатсия ва технология;

— хароҷоти баланди нигоҳдорӣ ва парвариши чорво;

— набудани зотҳои сермаҳсул дар миқёси васеъ.

Дар натиҷа арзиши аслии гӯшти истеҳсоли дохилӣ баланд буда, нархи ниҳоӣ барои истеъмолкунандагон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Бо дарназардошти ин, солҳои охир воридоти гӯшт аз Қазоқистон ва Белорусия ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, тибқи маълумоти расмӣ, ба Тоҷикистон аз Муғулистон, Покистон, Бразилия, Канада, Полша, Литва, Туркия ва Ӯзбекистону Русия гӯшт воридот шудааст. Ин тадбир то андозае дар коҳиши арзиши гӯшт дар бозорҳои ҷумҳурӣ мусоидат карда бошад ҳам, ба назар мерасад, нуктаи ниҳоии ҳалли масъала нест.

Яъне, ҳамин ҳазорҳо тонна маҳсулоти гӯштии воридкардашуда ҳам ҳанӯз талаботи ҷумҳуриро қонеъ намесозад. Тибқи ҳисоби мутахассисон, талаботи аҳолии Тоҷикистон ба гӯшт айни замон тақрибан 380-385 ҳазор тонна дар як сол арзёбӣ мешавад. Ҳатто бо дарназардошти афзоиши истеҳсол, ҳаҷми умумии гӯшти “тоза” (баъди забҳ, бе устухон) ҳудуди 235-240 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар умум, воридот шартан 4-5%-и истеъмол аз рӯйи ҳаҷмро ташкил дода, талаботи афзояндаи Тоҷикистонро ба гӯшт қонеъ намесозад.

Ин дар ҳолест, ки сол ба сол дар ҷумҳурӣ ҳамзамон теъдоди корхонаҳои коркарди гӯшт, аз ҷулма, корхонаҳои истеҳсоли ҳасибҳо ва маҳсулоти гӯштӣ афзуда, ҳамин тавр, талаботро ба маротиб бештар кардааст.

Ба ин маънӣ, нархи баланди гӯшти гов ва гӯсфанд ё камбуди он дар бозор на танҳо ба истеъмоли мустақими аҳолӣ таъсир мерасонад, балки рушди саноати коркарди гӯштро низ маҳдуд мекунад. Корхонаҳои истеҳсоли ҳасиб ва маҳсулоти нимтайёр маҷбуранд ё истеҳсолро коҳиш диҳанд, ё маҳсулоти гарон истеҳсол кунанд, ки рақобатпазир нест.

ҶОЙГОҲИ ҲИНДУСТОН ДАР БОЗОРИ ҶАҲОНИИ ГӮШТ

Дар чунин ҳолат воридоти гӯшти говмеш аз Ҳиндустон яке аз воситаҳои нисбатан самарабахш арзёбӣ мешавад. Бисёре аз кишварҳо, ки низ талаботи зиёд доранду ба монанди Тоҷикистон ба гӯшти воридотӣ ниёзманданд, маҳз аз ҳисоби воридоти гӯшти говмеш аз Ҳиндустон мушкили норасоии гӯштро то ҷое ҳал кардаанд.

Тоҷикистон ба таври расмӣ аз Ҳиндустон гӯшт ворид намекунад. Чунки тибқи банди 8 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2017, №11, воридоти гӯшти говмеш (буйвол) ба ҷумҳурӣ манъ карда шудааст.

Дар бораи эҳтимоли қочоқи гӯшти говмеш (буйвол) ба Тоҷикистон гуфтугӯҳо мавҷуд бошанд ҳам, расман тасдиқ нашудаанд. Масалан, Хадамоти гумруки Тоҷикистон ягон маротиба оид ба ҳолатҳои қочоқ хабар надодааст. Дар ҳоле ки масалан, асли баромади гӯште, ки аз Узбекистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад, маълум нест. Дар айни замон, тибқи маълумоти расмӣ, Узбекистон солона аз Ҳиндустон даҳҳо ҳазор тонна гӯшти говмеш (буйвол) ворид мекунад. Бахусус, дар ду соли охир афзоиши босуръати воридот ба қайд гирифта шудааст.

Узбекистон, ки худ ниёзмандии аз мо чанд маротиба бештар ба гӯшт дорад, чӣ гуна метавонад ба Тоҷикистон содироти гӯшт ба роҳ монад? Шояд посухи ин суол ба бисёре аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти гӯштӣ муҳим бошад.

Дар ҳамин ҳол, таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки воридоти гӯшти говмеш маҳз барои коркард як модели маъмул ва санҷидашуда мебошад:

Миср: Миср яке аз бузургтарин воридкунандагони гӯшти говмеш аз Ҳиндустон аст. Ин гӯшт асосан барои истеҳсоли маҳсулоти коркардшуда ва таъмини бозори дохилӣ истифода мешавад. Ҳукумат воридотро ҳамчун воситаи нигоҳ доштани суботи нархҳо ва амнияти озуқаворӣ баррасӣ мекунад.

Ветнам ва Малайзия: Ин кишварҳо гӯшти говмешро барои саноати коркарди гӯшт ва истеҳсоли маҳсулоти арзон ворид менамоянд. Воридот ба рушди корхонаҳои маҳаллӣ, афзоиши шуғл ва коҳиши вобастагӣ аз гӯшти гарони дохилӣ мусоидат кардааст.

Индонезия: Ҳукумати Индонезия дар баробари ҳифзи чорводории маҳаллӣ, воридоти маҳдуд ва ҳадафноки гӯшти говмешро иҷозат медиҳад. Ин сиёсат барои пешгирӣ аз болоравии нархҳо ва ҳифзи қудрати харидории аҳолӣ истифода мешавад.

Амороти Муттаҳидаи Араб: АМА гӯшти говмешро барои коркард ва реэкспорт истифода мебарад. Таҷрибаи онҳо нишон медиҳад, ки воридоти ашёи хом метавонад ба маркази минтақавии коркард табдил ёбад.

Арабистони Саудӣ: Гӯшти гови ҳиндӣ (говмеш) сегменти арзони бозори гӯшт дар ин кишварро ташкил дода, ба истеъмолкунандагони дорои даромади сатҳи миёна ва коркард нигаронида шудааст.

Ҳамчунин, Филиппинҳо, Тайланд, кишварҳои Африқо ҳам бозори худро аз ҳисоби гӯшти говмеш аз Ҳиндустон пур мекунанд.

Русия ва Узбекистон, ки ду кишвари наздиктарин ба Тоҷикистон шуморида мешаванд, низ аз ҷумлаи воридкунандагони гӯшти говмеш аз Ҳиндустон ҳастанд. Аз ҷумла, Русия воридоти гӯшти говмешро аз Ҳиндустон бо суръат зиёд мекунад. Тибқи иттилои Вазорати тиҷорат ва саноати Ҳиндустон, Русия дар 10 моҳи аввали соли 2025 аз ин кишвар ба маблағи 84,4 миллион доллар гӯшти говмеш харидааст, дар ҳоле ки дар ҳамин давраи соли 2024 ин рақам тақрибан 30 миллион долларро ташкил медод. Ба Узбекистон бошад, воридоти гӯшти говмеш аз аввали соли 2023 инҷониб ба роҳ монда шуда, тибқи маълумоти расмӣ, воридот босуръат рушд карда ва бо маҳсулоти маҳаллӣ рақобат мекунад.

Сабаби асосии рӯ овардани кишварҳо ба гӯшти говмеши ҳиндӣ ин аст, ки Ҳиндустон яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони гӯшти говмеш дар ҷаҳон мебошад. Дар сохтори содироти гӯшти ин кишвар маҳз гӯшти говмеш ҷойгоҳи асосӣ дорад. Сабаби ин – шумораи зиёди саршумори говмеш, арзиши пасти истеҳсол ва инфрасохтори пешрафтаи коркарди саноатӣ мебошад. Корхонаҳои ҳиндӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ISO, HACCP ва талаботи бозорҳои мусулмонӣ фаъолият мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки бештари воридкунандагони гӯшти говмеш аз Ҳиндустон маҳз кишварҳои мусалмоннишинанд.

Дар умум, бино ба маълумоти расмии Сарраёсати умумии иттилооти тиҷоратӣ ва омори Ҳиндустон (DGCIS), танҳо дар солҳои 2024-2025 аз Ҳиндустон ба кишварҳои ҷаҳон 1 миллиону 254 ҳазор тонна гӯшти говмеш содирот шудааст. Айни замон Ҳиндустон дар масъалаи содироти гӯшти говмеш ба даҳгонаи аввали содиркунандагон шомил аст.

ХУЛОСА АЗ ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Таҳқиқи сиёсати озуқаворӣ ва танзими бозори гӯшт дар кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки воридоти ашёи хоми гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти говмеш, дар бисёр мавридҳо як абзори идорашавандаи иқтисодӣ ба шумор меравад. Он на ҳамчун рақиби мустақими чорводории дохилӣ, балки ҳамчун механизми мутавозинсозии нарх, таъминот ва иқтидори саноати коркард истифода мешавад.

Агар ба шакли мухтасар бинем, таҳлили таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки воридоти гӯшти говмеш ба истеҳсоли чорвои маҳаллӣ зарбаи мустақим намезанад, агар он мақсаднок танзим карда шавад; давлатҳо воридотро ҳамчун абзори сиёсати нарх ва амнияти озуқаворӣ истифода мебаранд; маҳз коркард дар дохили кишвар арзиши иловагӣ ва ҷойҳои корӣ эҷод мекунад; назорати сифат ва механизми иҷозатдиҳӣ омили калидии муваффақият мебошад.

Таҳлили ҳар яке аз ин бандҳо ин гуна аст:

1. Нуктаи муҳим ин аст, ки воридоти гӯшти говмеш ба истеҳсоли чорвои маҳаллӣ зарбаи мустақим намезанад, зеро он аз сӯйи воридкунандагон ва мақомоти салоҳиятдор давлатӣ мақсаднок танзим карда мешавад.

Таҷрибаи кишварҳое, ки бозори гӯшти худро бо воридоти идорашаванда пурра мекунанд, нишон медиҳад, ки таъсири манфӣ ба чорводории дохилӣ одатан дар ду ҳолат ба вуҷуд меояд:

— вақте воридот беназорат ва оммавӣ аст;

— вақте ашёи хоми воридотӣ мустақим ба бозори чакана ворид мешавад.

Дар моделҳои муваффақ воридот аз рӯи мақсад ҷудо карда мешавад, яъне танҳо барои коркарди саноатӣ иҷозат дода мешавад, на барои фурӯши мустақими бозорӣ. Ин равиш имкон медиҳад, ки сегменти истеъмоли тару тоза дар ихтиёри истеҳсолкунандаи маҳаллӣ боқӣ монад, дар ҳоле ки саноати коркард аз манбаи устувори ашёи хом истифода мекунад.

Дар як қатор кишварҳои Осиё ва Шарқи Наздик чунин механизмро ба кор мебаранд: гӯшти воридотӣ танҳо ба корхонаҳои дорои иҷозатнома дода шуда, ба шабакаи савдои чакана бароварда намешавад. Дар натиҷа, чорводории маҳаллӣ бозори худро нигоҳ медорад, вале саноат аз камбуди ашёи хом ранҷ намебарад.

Ба гуфтаи иқтисодшиносон, омили ҳалкунанда дар ин модел – тарҳрезии дурусти қоидаҳои истифода мебошад, на худи воридот.

2. Давлатҳо воридотро ҳамчун абзори сиёсати нарх ва амнияти озуқаворӣ истифода мебаранд. Дар иқтисоди муосири озуқаворӣ воридот танҳо амали тиҷоратӣ нест – он қисми сиёсати давлатӣ мебошад. Бисёр давлатҳо воридоти маҳсулоти гӯштӣ ё ашёи хоми гӯштиро барои се ҳадафи асосӣ истифода мебаранд:

Якум, устувор нигоҳ доштани нарх. Ҳангоми болоравии шадиди нархи дохилӣ иҷозати воридоти маҳдуд метавонад фишори бозорро коҳиш диҳад. Ин махсусан дар мавсимҳои камбуди пешниҳод ё афзоиши хароҷоти истеҳсол муҳим аст.

Дуюм, таъмини амнияти озуқаворӣ. Агар истеҳсоли дохилӣ аз талабот ақиб монад, воридот ҳамчун механизми суғуртавӣ истифода мешавад. Ин равиш имкон медиҳад, ки норасоии ногаҳонӣ ба вуҷуд наояд.

Сеюм, дастгирии саноати коркард. Бисёр кишварҳо мефаҳманд, ки арзиши асосии иқтисодӣ на дар фурӯши ашёи хом, балки дар коркарди дохилӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, барои корхонаҳои коркард реҷаи махсуси воридот ҷорӣ мешавад.

Муҳим аст, ки дар моделҳои муваффақ воридот ба бозор “озод” нест, он абзори танзимшаванда мебошад. Манфиатдории давлат дар ҳар кадоме аз ин бандҳо ба сурати алоҳида ҳифз мешаванд.

3. Маҳз коркард дар дохили кишвар арзиши иловагӣ ва ҷойҳои корӣ эҷод мекунад. Аз нигоҳи иқтисоди саноатӣ, арзиши асосӣ дар занҷири истеҳсолот дар марҳилаи коркард ба вуҷуд меояд. Ашёи хоми гӯштӣ танҳо захира аст. Арзиши иловагӣ бошад, ҳангоми буридану резакунӣ, омехтакунӣ, пӯхтани технологӣ, бастабандӣ, брендинг, тақсимот ташаккул меёбад. Яъне, ин силсилаи корҳое ҳастанд, ки дар раванди воридот, коркарди гӯшт ва истеҳсолу ба бозор баровардани маҳсулоти аз он тайёршуда ба миён меоянд.

Таҷрибаи кишварҳои саноатии озуқаворӣ нишон медиҳад, ки ҳатто дар ҳолати истифодаи ашёи хоми воридотӣ, агар коркард дар дохили кишвар анҷом шавад, иқтисод фоида мебинад. Аз ҷумла, ҷойҳои корӣ таъсис меёбанд, андоз дар дохил пардохт мешавад, инфрасохтори истеҳсолӣ рушд мекунад, технология ворид мешавад, содироти маҳсулоти коркард имконпазир мегардад.

Бисёр кишварҳо маҳз бо ҳамин далел ба воридоти ашёи хом иҷозат медиҳанд, вале воридоти маҳсулоти тайёри рақобаткунандаро маҳдуд месозанд.

4. Назорати сифат ва механизми иҷозатдиҳӣ омили калидии муваффақият мебошад. Агар таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки ҳамаи моделҳои муваффақ як унсури умумӣ доранд: назорати сахти сифат ва иҷозатдиҳии марҳилавӣ. Агар ин ду омил вуҷуд надошта бошад, воридот ба манбаи хатар табдил меёбад. Агар вуҷуд дошта бошад, ба абзори рушд.

Механизмҳои самараноке, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ истифода мешаванд, иборатанд аз феҳристи корхонаҳои содиркунандаи тасдиқшуда, иҷозатномаи инфиродӣ барои воридкунанда, квотаи ҳаҷм, санҷиши ҳатмии лабораторӣ, пайгирии сарчашмаи воридот, аудити корхонаҳои қабулкунанда ва ғайра. Ба гуфтаи коршиносон, ин механизмҳо имкон медиҳанд, ки воридот на танҳо бехатар, балки идорашаванда бошад.

Ин таҷрибаҳо метавонанд ҳамчун асоси таҳияи сиёсати мутавозини Тоҷикистон ҳангоми воридоти гӯшти говмеш аз Ҳиндустон истифода шаванд.

ПАЙОМАДҲОИ ВОРИДОТИ ГӮШТ АЗ ҲИНДУСТОН

Маъмулан, ҳар як кишвар дар роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши содироту воридоти маҳсулот манофеъи худро дар мадди аввал мегузорад. Бахусус, агар гап сари маҳсулоти хӯрокворӣ мерафта бошад, манфиатҳои иқтисодӣ барои давлат ва бахши хусусӣ, ҳолати санитарӣ, назорат ва сифати маҳсулот ба ҷойи аввал мебароянд. Агар ҳоло танҳо масъалаи воридоти гӯшти говмеш аз Ҳиндустонро ба таҳлил гирем, ки бо далели арзиш ва сифат ҷолиб аст, метавон гуфт, ки роҳандозии ин иқдом метавонад барои давлат ва бахши хусусӣ чунин манфиатҳои иқтисодӣ дошта бошад:

1.  Дастгирии саноати коркарди дохилӣ. Воридоти ашёи хоми нисбатан арзон барои саноати коркарди гӯшт на танҳо як амали тиҷоратӣ, балки як омили сохтории рушди истеҳсолот ба ҳисоб меравад. Дар таҳлили саноатӣ нархи ашёи хом одатан 60–80 фоизи арзиши худи маҳсулоти коркардшударо ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дастрасӣ ба манбаи устувор ва иқтисодии ашёи хом метавонад ба тамоми занҷири истеҳсолӣ таъсири мустақим расонад.

Дар бисёр кишварҳои дорои бозори рӯ ба рушд, мушкилоти асосии корхонаҳои коркарди гӯшт на камбуди таҷҳизот, балки камбории иқтидор мебошад. Яъне, корхона дорои хатҳои истеҳсолӣ, таҷҳизоти яхдонӣ ва кадрҳои омӯзонидашуда аст, аммо бо сабаби норасоӣ ё гаронии ашёи хом бо иқтидори пурра кор намекунад. Аз дидгоҳи иқтисодӣ, ин ҳолат чанд паёмади манфӣ дорад:

— арзиши истеҳсоли ҳар воҳиди маҳсулот боло меравад (зеро хароҷоти доимӣ ба ҳаҷми камтар тақсим мешавад);

таҷҳизот зудтар фарсуда мешавад, вале самаранок истифода намегардад;

— гардиши пул суст мешавад;

— фоида коҳиш меёбад;

— хатари қатъи фаъолият ба вуҷуд меояд.

Дар навбати худ, дастрас шудани ашёи хоми нисбатан арзон ва устувор (масалан, гӯшти говмеши воридотӣ) ба корхона имкон медиҳад, ки хатҳои истеҳсолиро мунтазам фаъол нигоҳ дошта, басти кориро зиёд кунад ва истеҳсолро аз реҷаи мавсимӣ ба реҷаи доимӣ гузаронад. Ниҳояти ин иқдом коҳиши арзиши маҳсулот ва ҳамин тавр, ба аҳолӣ пешниҳод гардидани маҳсулоти дастрас аст. Ба таъкиди иқтисоддонҳо, ин раванд яке аз омилҳои асосии устувории молиявии истеҳсолот ба шумор меравад.

2. Таъсиси корхонаҳои нав. Сармоягузорӣ ба соҳаи коркарди гӯшт ҳамеша ба ду саволи калидӣ вобаста аст: оё ашёи хом дастрас ва устувор аст, оё нархи он пешбинишаванда аст?

Дарвоқеъ, агар бозори ашёи хом ноустувор ва гарон бошад, сармоягузор хавфи баланд мебинад. Дар чунин шароит, ҳатто бо вуҷуди талаботи бозорӣ, сармоя ба истеҳсолот ворид намешавад.

Воридоти танзимшудаи ашёи хоми нисбатан арзон метавонад муҳити сармоягузориро беҳтар кунад, зеро, аз як ҷониб хавфи таъминот кам шуда, хароҷот боло намеравад, аз ҷониби дигар, моделҳои бизнес дақиқ ҳисоб шуда, муҳлати бозгашти сармоя мушаххас мегардад. Дар чунин ҳолат пайдо кардани сармоягузор ва ё ҷалби қарзи бонкӣ бо мақсади таъсиси корхонаи нав осонтару ҳадафрас хоҳад буд.

Дар таҷрибаи байналмилалӣ дида мешавад, ки маҳз пас аз ҷорӣ шудани дастрасии устувор ба ашёи хом бахшҳои зерини истеҳсол рушд мекунанд, аз ҷумла, корхонаҳои ҳасиббарорӣ, истеҳсоли нимтайёр, маҳсулоти яхкардашуда, коркарди фарш ва ғайра. Яъне, дар ҳоли мавҷуд будани мушкилоти муайяни дохилӣ дар тамъиноти ашёи хом, воридоти он метавонад ҳамчун такондиҳандаи саноатикунонӣ хизмат кунад, ба шарте ки сиёсати иҷозатдиҳӣ шаффоф ва дарозмуддат бошад.

3. Болоравии сатҳи рақобат дар бозори маҳсулоти гӯштӣ. Аз дидгоҳи иқтисоди бозор, рақобат вақте рушд мекунад, ки шумораи истеҳсолкунандагон меафзояд, монеаҳои воридшавӣ ба бозор коҳиш меёбанд, дастрасӣ ба захираҳои асосӣ беҳтар мешавад.

Ашёи хом яке аз чунин захираҳои асосист. Вақте танҳо чанд истеҳсолкунанда дастрасӣ ба ашёи хоми маҳаллӣ доранд, бозор тамоюли мутамарказшавӣ пайдо мекунад. Вақте манбаи иловагӣ пайдо мешавад, бозор озодтар мегардад.

Маъмулан, афзоиши рақобат паёмҳои мусбат дорад. Аз ҷумла, дар масъалаи интихоби бештар, беҳбуди сифат, устувории нарх, навоварии маҳсулот, фишори сифатӣ байни брендҳо, беҳбуди бастабандӣ ва стандартҳо, ҷорӣ шудани технологияҳои нав, фарқгузории маҳсулот, баланд шудани самаранокӣ, кам шудани исрофкорӣ, оптимизатсияи равандҳо… Ин рӯйхатро метавон идома дод, ки аз ҷумлаи паёмадҳои мусбати рақобати солим дар ин сатм мебошанд.

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки аз нуқтаи назари таҳлили саноатӣ ва сиёсати бозори озуқаворӣ, воридоти танзимшудаи ашёи хоми нисбатан арзон, аз ҷумла гӯшти говмеш аз Ҳиндустон, метавонад се таъсири сохтории мусбат ба вуҷуд оварад:

— истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда ва баланд шудани самаранокии истеҳсолот;

— беҳтар шудани муҳити сармоягузорӣ ва пайдоиши корхонаҳои нав;

— афзоиши рақобати солим ва беҳбуди сифат дар бозори маҳсулоти гӯштӣ.

Аммо самаранокии ин таъсирҳо мустақиман ба сифати танзими давлатӣ, шаффофияти иҷозатдиҳӣ ва назорати ҷиддии санитарӣ вобаста аст. Бе ин омилҳо натиҷа метавонад баръакс гардад. Бо ин омилҳо он метавонад ба абзори рушди воқеии соҳа табдил ёбад.

10 САБАБИ ОН КИ ЧАРО АЗ ҲИНДУСТОН

ГӮШТИ ГОВМЕШ ВОРИД КУНЕМ?

Дар баробари ин, воридоти гӯшти говмеш аз Ҳиндустон ба кишвари мо метавонад дар самтҳое ба монанди шуғл ва даромади аҳолӣ, ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва амнияти озуқаворӣ, санитарӣ, байторӣ ва танзимӣ таъсири мусбат гузорад. Дар умум, бо такя ба гузоришҳои расмиву ғайрирасмӣ ва  таҳлилҳои коршиносӣ, ҳадди ақал, 10 омили мушаххасро муайян кардем, ки воридоти гӯшти говмеш аз Ҳиндустон метавонад барои Тоҷикистон манфиатҳои зиёд дошта бошад.

1. Рушди бахши аграрӣ

Навовариҳо дар истеҳсолот: Воридоти гӯшт ва технологияҳои нави коркард метавонад ҷорӣ намудани навовариҳоро дар саноати аграрии Тоҷикистон таҳрик диҳад, аз ҷумла беҳтар намудани усулҳои нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва коркарди гӯшт, инчунин баланд бардоштани сатҳи умумии ҳосилнокӣ дар кишоварзӣ.

Омӯзиш ва баланд бардоштани тахассус: Ҳамкорӣ бо корхонаҳо ва мутахассисони Ҳиндустон метавонад ба омӯзонидани усулҳои нави коркарди гӯшт ба кормандон ва мутахассисони маҳаллӣ мусоидат намуда, сатҳи ихтисоси кадрҳоро дар соҳаи аграрӣ баланд бардорад.

2. Рушди инфрасохтори нақлиётӣ

Беҳтарсозии логистика: Барои воридоти гӯшт аз Ҳиндустон рушди инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла роҳҳо, роҳи оҳан ва низомҳои нигоҳдорӣ (сардхонаҳо) зарур аст. Ин метавонад ба беҳтар шудани шабакаи умумии логистикӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуда, ба дигар бахшҳои иқтисод низ таъсири мусбат расонад.

Долонҳои нақлиётӣ: Тоҷикистон метавонад дар густариши долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз ҷумла “Чин – Осиёи Марказӣ – Халиҷи Форс”, фаъолона иштирок намояд, ки тавассути онҳо интиқоли гӯшт имконпазир гардида, ба афзоиши гардиши мол ва беҳтар шудани робитаҳо бо дигар кишварҳо оварда мерасонад.

3. Тақвияти амнияти озуқаворӣ

Дастрасии гӯшт: Воридоти гӯшт аз Ҳиндустон метавонад дар маҷмӯъ, дастрасии гӯштро барои аҳолии Тоҷикистон зиёд намояд, зеро бинобар маҳдуд будани истеҳсоли дохилӣ нархи гӯшт гарон аст. Дар ҳоли бештар шудани интихоб нархҳо коҳиш меёбанд.

Захираи стратегии озуқаворӣ. Воридоти ҳарчӣ бештари гӯшт метавонад барои ташкили захираҳои стратегии озуқаворӣ мусоидат намояд. Ин, дар навбати худ, устувории иқтисоди ҷумҳуриро нисбат ба таҳдидҳои эҳтимолии дохилӣ ва хориҷӣ (масалан, эпидемияҳо, офатҳои табиӣ ва ғайра) баланд мебардорад.

4. Рушди робитаҳо бо Ҳиндустон

Ҳамкории иқтисодӣ: Воридоти гӯшт аз Ҳиндустон ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Афзоиши сармоягузорӣ: Бо густариши савдо ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Ҳиндустон, ба Тоҷикистон на танҳо молҳо, балки таваҷҷуҳ ва сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла IT, дорусозӣ, энергетика ва ғайра меафзояд.

5. Афзоиши даромадҳои андозиву гумрукӣ

Андозҳо ва боҷҳо: Воридоти гӯшт аз Ҳиндустон ва ташкили бахши нави тиҷорати истеҳсолӣ манбаи иловагии даромадҳои андозӣ ва гумрукӣ ба буҷети Тоҷикистон мегардад.

Даромадҳои ғайримустақим: Роҳандозии коркарди гӯшти говмеш ҳамзамон ба афзоиши соҳаҳои вобаста – бастабандӣ, нақлиёт, тақсимот ва маркетинг мусоидат намуда, даромадҳои иловагӣ меорад.

6. Пешрафти илмӣ-технологӣ

Технологияҳои пешрафтаи коркард: Саноати гӯшт дар Ҳиндустон технологияҳо ва таҷҳизоти муосирро истифода мебарад, ки мешавад онҳоро дар Тоҷикистон низ ҷорӣ намуд. Ин ба беҳтар шудани сифати маҳсулот ва самаранокии кор мусоидат мекунад.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ: Дар Тоҷикистон метавон марказҳои нави тадқиқотӣ ё озмоишгоҳҳо таъсис дод, ки ба беҳтар намудани сифати маҳсулоти гӯштӣ ва рушди усулҳои нави истеҳсол ва коркард машғул мешаванд.

7. Беҳтар шудани саломатии аҳолӣ

Нархи дастраси гӯшт барои аҳолӣ: Паст шудани нархи гӯшт ба шарофати воридот метавонад дастрасии онро барои қишрҳои гуногуни аҳолӣ зиёд намуда, ба сифати ғизо ва сатҳи умумии саломатӣ таъсири мусбат расонад.

Ғизои гуногунтар: Воридоти гӯшти говмеш метавонад гуногунрангии ғизоро зиёд намояд, махсусан барои онҳое, ки ба хӯрокҳои анъанавӣ одат кардаанд.

8. Имконияти таъсиси брендҳои нав

Маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ: Воридоти гӯшти говмеш аз Ҳиндустон ва коркарди он дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки брендҳои маҳаллии маҳсулоти гӯштӣ таъсис дода шуда, ҳатто минбаъд содироти маҳсулоти истеҳсолшударо  ба роҳ монд. Ин ба нуфузи истеҳсолӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон таъсири мусбат хоҳад расонид.

Сайёҳии саноатӣ: Роҳандозии корхонаҳои коркард ва саноати гӯшти говмеш метавонад барои сармоягузорон ва сайёҳони хориҷӣ ҷолиб гардад ва ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намояд.

9. Устувории иҷтимоӣ

Коҳиши шиддати иҷтимоӣ: Дастрасии маҳсулоти ғизоӣ бо нархҳои пасттар, аз ҷумла гӯшт, метавонад шиддати иҷтимоиро коҳиш диҳад, махсусан норозигиҳо вобаста ба гаронии озуқавориро.

10. Дастгирии деҳқонон ва истеҳсолкунандагони хурд

Беҳтар шудани шароити фермерон: Роҳандозии коркарди гӯшти говмеш дар Тоҷикистон ва афзоиши талабот ба он метавонад дар навбати худ ба рушди хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ мусоидат намояд. Ин ба дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва афзоиши даромади онҳо мусоидат мекунад.

ЧАРО МАҲЗ ГӮШТИ ГОВМЕШ ВА ЧАРО МАҲЗ АЗ ҲИНДУСТОН?

Дар умум, масъалаҳои баррасишударо агар ба назар гирем, воридоти гӯшти буйвол аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон метавонад таъсири мусбати васеъ дошта бошад. Ин на танҳо фоидаи иқтисодӣ, балки рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инфрасохториро таъмин намуда, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва устувории иқтисоди кишвар мусоидат мекунад.

Аммо чаро маҳз гӯшти говмеш ва чаро маҳз аз Ҳиндустон?

Дар шароите, ки саноати коркарди гӯшт ба таъминоти устувори ашёи хом ниёз дорад, интихоби манбаи воридот танҳо масъалаи нарх нест. Ин бояд ҳамзамон ба талаботи технологӣ, санитарӣ, динӣ, логистикӣ ва бозорӣ ҷавобгӯ бошад. Дар ин замина, гӯшти говмеш (буйвол) аз Ҳиндустон ҳамчун яке аз вариантҳои бештар баррасишаванда пеш меояд.

Гӯшти говмеш дар саноати коркарди гӯшт дар бисёр кишварҳо ҳамчун ашёи хоми стандартӣ истифода мешавад. Зеро, ба гуфтаи технологҳо, ин гӯшт сохтори зич ва нахҳои устувор дорад, ки бахусус барои фарш (фаршшуда) ва ҳасибҳо хеле мувофиқ аст. Ба ғайр аз ин, дар равандҳои коркарди гарм (варка, копчение, стерилизатсия) устувор боқӣ монда, қобилияти хуби нигоҳдории шакл ва текстураро дорад, бо дигар навъҳои гӯшт ба осонӣ омехта мешавад.

Аз дидгоҳи технологӣ бошад, гӯшти говмеш махсусан барои ҳасибҳои бӯғӣ, маҳсулоти нимтайёр, фарш, маҳсулоти яхкардашуда хеле муносиб аст.

Аз лиҳози хусусиятҳои ғизоӣ ва сифат бошад, гӯшти буйвол нисбат ба гӯшти гов равғани камтар дорад, холестерин пасттар дорад, сафедааш баланд аст, ранги тира ва сохтори “қавитар” дорад. Маҳсулоти гӯштиву ҳасибӣ аз гӯшти говмеш, бахусус барои варзишгарон, касоне, ки аз фарбеҳӣ ранҷ мебаранд, умуман пешгирии фарбеҳӣ ва бемориҳои марбут ба он хеле муносиб аст. Ин хусусиятҳо гӯшти говмешро барои маҳсулоти саноатӣ, ки устувории сифат муҳим аст, мувофиқ гардонидааст.

Сабаби дигари таваҷҷуҳ ба гӯшти говмеш аз Ҳиндустон ин аст, ки он ба талаботи бозори коркард мутобиқ гардонида шудааст. Яъне, он мустақим барои истеъмоли тару тоза хеле кам истифода шуда, асосан ҳамчун ашёи хоми саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасибҳо, фарш ва ғайра) хизмат мекунад. Ин хусусият бартарии ин гӯштро нишон медиҳад, зеро он ба бозори гӯшти тару тоза рақобати мустақим накарда, ба сегменти махсус – коркарди саноатӣ равона карда мешавад.

Ба ғайр аз ин, тавре аз маълумоти манобеъи боз бармеояд, корхонаҳои говмешпарварӣ ва ширкатҳои содиротии Ҳиндустон бо таҷҳизоти муосири забҳ ва коркард муҷаҳҳаз буда, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқанд. Ҳамзамон таҷрибаи содирот ба бозорҳои серталаботро доранд. Яъне, мешавад гуфт, ки ҳамаро худ омода карда медиҳанд. Танҳо ин ки назорат аз сӯйи кишвари воридкунанда ҷиддӣ бошад.

Ин масъала ҳам хеле сахт танзим шудааст. Аксари кулли корхонаҳои говмешпарварӣ ва ширкатҳои содиротии Ҳиндустон дорои стандартҳои ISO, системаҳои HACCP (назорати хавф), сертификатҳои байтории байналмилалӣ мебошанд.

Яке аз шартҳои асосии воридот – амнияти санитарӣ мебошад. Содироти гӯшти говмеш аз Ҳиндустон одатан бо сертификати байтории давлатӣ, назорати пешазсодиротӣ, таҳлилҳои лабораторӣ, мониторинги бемориҳои ҳайвонот тасдиқ карда мешавад.

Масъалаи муҳимтарин дар ин самт масъалаи “ҳалол” аст. Барои бозори Тоҷикистон, ки қисми асосии аҳолӣ мусулмон аст, ин омили калидист. Бино ба маълумоти APEDA (Indian Agricultural & Processed Food Products Export Development Authority — Идораи рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроквории коркардшудаи Ҳиндустон), ки мақомоти асосии танзимкунандаи содироти гӯшти говмеш мебошад, танҳо корхонаву ширкатҳое ҳуқуқи содироти гӯшти говмешро доранд, ки аз ҷониби APEDA тасдиқ шуда, барои содирот иҷозат дода шудаанд.

EIC/EIA — Export Inspection Council / Export Inspection Agency – ду мақомоте, ки барои содироти гӯшти говмеш шаҳодатномаҳои байторӣ ва санитарӣ медиҳанд, тасдиқ мекунанд, ки дар Ҳиндустон қисми зиёди корхонаҳои содиркунандаи гӯшти буйвол бо стандарти ҳалол кор карда, сертификати “Ҳалол” доранд. Ҳамаи ин корхонаҳо забҳро мувофиқи қоидаҳои исломӣ анҷом медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки маҳсулот ба талаботи динӣ ва сифату тозагӣ ҷавобгӯ бошад. Аз ҳамин ҷост, ки аксар воридкунандагон гӯшти говмеш аз Ҳиндустон маҳз кишварҳои мусалмоннишиянд.

Аз ин дидгоҳ, воридот ва коркарди гӯшти говмеш аз Ҳиндустон барои мардуми Тоҷикистон мушкиле нахоҳад дошт. Зеро дар баробари мақомоти болозикр, ҳамчунин, якчанд мақомот дар Тоҷикистон ҳастанд, масоили марбут ба воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштиро танзим мекунанд. Аз ҷумла, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин Кумита вобаста ба ин масъала гуфтанд, маҳсулоти гӯштӣ асосан баъди таҳлил ва омӯзиши корхонаҳои истеҳсолие, ки аз онҳо ба Тоҷикистон маҳсулот содирот мешавад (аккредитатсияи байтории корхонаҳои истеҳсолии кишварҳои хориҷӣ), баъди гирифтани иҷозати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегардад:

“Маҳсулоти воридшуда ҳатман аз ташхис гузаронида шуда, бо сертификати мутобиқат таъмин карда мешавад”, — таъкид карданд дар ин ниҳод.

Гуфта мешавад, аз тамоми маҳсулоти гӯштии воридшаванда намуна гирифта ва мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Баъдан, бо дарназардошти хулосаи ташхис барои истифода ва истеъмол иҷозат дода мешавад.

Зимнан, дар Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ асосан бехатарии маҳсулоти хӯрока, таҳлили таркиби химиявӣ, сифат, муайян кардани ифлоскунандаҳо, микробиологӣ ва таркиби кимиёвӣ гузаронида мешавад.

ЧӢ БОЯД КАРД?

Бозори гӯшт дар Тоҷикистон имрӯз бо як қатор мушкилоти сохторӣ рӯ ба рӯст, ки аз ҷумла норасоии таъминоти дохилӣ, баланд будани нархҳо ва истифодаи нопурраи иқтидорҳои корхонаҳои коркарди гӯштро дар бар мегирад. Дар чунин шароит ҷорӣ намудани воридоти танзимшудаи ашёи хоми нисбатан арзон, аз ҷумла, воридоти гӯшти говмеш аз Ҳиндустон, метавонад ҳамчун як абзори муассири сиёсати давлатӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди саноати миллӣ баррасӣ гардад.

Ҳадафи асосии ин тасмим на иваз кардани истеҳсоли дохилӣ, балки пур кардани камбуди мавҷуда, дастгирии корхонаҳои коркард ва коҳиш додани фишори нарх дар бозор мебошад.

Яъне, воридоти мақсаднок ва маҳдуди гӯшти говмеш имкон медиҳад, ки корхонаҳои мавҷуда бо иқтидори пурра фаъолият намоянд, арзиши худии маҳсулоти гӯштӣ коҳиш ёбад, рақобат дар бозор афзоиш ёбад ва барои сармоягузорӣ дар соҳа шароити мусоид фароҳам гардад. Ин, дар навбати худ, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва зиёд шудани даромадҳои андозӣ мусоидат мекунад.

Ҳиндустон ҳамчун манбаи эҳтимолии воридот бо як қатор бартариҳо фарқ мекунад, аз ҷумла захираи калони гӯшти буйвол, нархи рақобатпазир, таҷрибаи васеи содирот ва мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи “ҳалол”, ки барои бозори Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.

Бо вуҷуди ин, татбиқи чунин сиёсати воридотӣ бояд ҳатман бо як қатор шартҳои қатъӣ ҳамроҳ бошад, аз ҷумла, маҳдуд намудани ҳаҷми воридот тавассути квотаҳо, равона кардани он танҳо ба корхонаҳои коркард, ҷорӣ намудани низоми иҷозатдиҳии шаффоф, таъмини назорати қатъии байторӣ ва санитарӣ, инчунин санҷиши ҳатмии мутобиқат ба стандартҳои “ҳалол”.

Ҳамзамон, барои пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ, аз қабили таъсири манфӣ ба истеҳсолкунандагони дохилӣ, хавфҳои санитарӣ ё сӯистифода дар бозор, зарур аст, ки механизмҳои муосири назорат, аз ҷумла пайгирии маҳсулот, рақамисозии равандҳо ва мониторинги доимӣ ҷорӣ карда шаванд. Дар марҳилаи аввал, татбиқи чунин иқдом метавонад дар шакли як лоиҳаи пилотӣ оғоз гардад, то ки таъсири воқеии он ба бозор ва саноат арзёбӣ шуда, дар асоси натиҷаҳо сиёсати минбаъда такмил дода шавад. Кутоҳи гап ин ки гӯшти воридотии говмеш бояд барои коркард бошад, на барои фурӯши мустақими гӯшт дар бозор.

Дар умум, воридоти гӯшти говмеш аз Ҳиндустон метавонад ба як воситаи муассири танзими бозор, дастгирии саноати коркард ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти гӯштӣ табдил ёбад, аммо танҳо дар он сурат ки он ба таври ҳадафнок, маҳдуд, шаффоф ва зери назорати қатъии давлатӣ амалӣ карда шавад. Дар чунин шароит, ин иқдом на рақиби истеҳсолоти дохилӣ, балки такмилдиҳандаи он гардида, ба таъмини суботи бозор ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.

Довуд ИСМАТӢ

ИмрӯзNews