14 апрели соли 2026 дар қисми низомии 6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД маросими савгандёдкунии 500 нафар сарбози навдаъватшуда баргузор гардид, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар чорабинӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок намуд.
Чорабинии тантанавӣ бо иҷрои Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардида, баъдан наваскарон дар ҳузури меҳмонон дар фазои бошукӯҳ савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронии худ меҳмонон ва падару модаронро ба муносибати ин рӯзи хотирмон — маросими савгандёдкунии ҳарбии фарзандонашон табрику таҳният намуд.
Ӯ изҳори итминон кард, ки наваскарон ба савганди худ устувор монда, ба халқу Ватан самимонаву содиқона хизмат хоҳанд кард.
Аксҳо ва тафсилоти бештар дар манбаъ: ▶️ВКД ҶТ




