Рушди футбол дар деҳот. Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон тасдиқ шуд

Shared to Facebook

Дар Тоҷикистон “Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” муаррифӣ ва тасдиқ шуд.

Барномаро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд.

Ҳамчунин, нақшаи амалисозӣ ва ҳайати кумитаи тадорукотии амалисозии Барнома тасдиқ шудааст.

Бино ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, “Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” аз ҷониби департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раёсати варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” ва “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” таҳия гардида, дурнамои рушди футболро дар деҳоти кишвар барои чор соли оянда муайян менамояд:

“Ҳадафҳои асосӣ аз роҳандозии Барнома тақвият бахшидан ба пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузор намудани мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футболбозӣ дар деҳот, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад”, — гуфта шудааст зимни муаррифи Барнома.

Зикр мегардад, ки дар доираи амалигардонии чорабиниҳои Барнома ҳамасола мусобиқаи варзишӣ байни дастаҳои футболи деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар чор марҳила гузаронида мешаванд.

Дар мусобиқа шахсони аз 18 то 35-сола иштирок менамоянд. Харҷҳо вобаста ба баргузории марҳилаи якум, дуюм ва сеюми мусобиқа: ҳаққи хизмати доварон, ловозимоти варзишӣ, ҷом, медалҳо, дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ барои ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сарпарастон пардохт мешаванд.

Харҷҳои вобаста ба баргузории марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз ҳисоби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд. Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои иштирокчии мусобиқаро марҳила ба марҳила бо тӯбҳои футболбозӣ ва дигар лавозимоти варзишӣ футбол таъмин менамоянд.

Тибқи Нақшаи амалисозии Барнома, соли 2023 таъсис додани Лигаи футболи деҳот дар назар дошта шудааст, ки таъсиси он ба пешрафти футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати нав мебахшад.