Ҷоми Осиё-2026. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Тайиланд бозӣ мекунад

Shared to Facebook Shared to Max

Имрӯз, 5 май дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Далер Каёсов аввалин бозиро дар Ҷоми Осиё-2026, ки дар Арабистони Саудӣ оғоз мешавад, анҷом медиҳад, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Тайиланд неру месанҷад. Бозӣ соати 22:30 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ наврасони тоҷик бо тимҳои Тайиланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) бозӣ мекунанд.

Акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон