Боздиди Шарифхон Сафарзода аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Рӯшон

Shared to Facebook

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода рӯзи 14 июл бо мақсади шиносоӣ аз раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ноҳияи Рӯшон боздид намудааст.

Нахуст, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Шарифхон Сафарзода ва раиси ноҳияи Рӯшон Илҳом Аҳмадзода дар деҳаи Вамд бо рафти корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ шинос шудаанд.

Иттилоъ дода шудааст, ки муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак ба нақша гирифта шуда, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ пурра анҷом меёбанд. Муассисаи томактабӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Соибқулов Қароқул бунёд гардида, аллакай таҷҳизотҳои зарурӣ дастрас гардидаанд.

Шарифхон Сафарзода ба соҳибкор ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушду нумуи диёр изҳори сипос баён намуда, таъкид кардааст, ки бунёди чунин муасисаҳои томактабӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ бомаром идома доранд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят ҳамчунин аз дигар иншоотҳои сохташаванда, аз ҷумла, мактаби санъат, корхонаҳои саноатӣ, варзишгоҳи марказӣ ва ғайра боздид карда, ба масъулини соҳаи сохтмон ҷиҳати суръатбахшии корҳо, сабзу хуррамгардонии атрофи иншоот ва ба тартиб даровардани инфрасохтори ноҳия супоришҳо додааст.