Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз имрӯз, 15 июл, то охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво боло меравад: дар ин рӯзҳо аз 33 то 46 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, аз 15 то 18 июл дар ноҳияҳои водигӣ аз 41 то 46 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ аз 33 то 38 дараҷа гарм ва дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 39 то 41 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Инчунин, бо сабаби баландшавии ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Дар робита ба ин ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз соати 11:00 то 16:00 дар кӯча сайругаштро кам намоянд. Нӯшидани таоми моеъ ва об, нӯшокиҳои мевагӣ ва афшура тавсия дода мешавад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин ва спиртӣ бояд худдорӣ намуд.




