Ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар рӯзҳои охир нархи семент дар ҷумҳурӣ тақрибан 16-20 сомонӣ (ҳудуди 23% поин рафтааст.
Баъд аз нигарониҳои Президенти кишвар, ки рӯзи 28-уми май дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон садо доданд, Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани мониторинги бозори истеъмол ва фурӯши семент дар ҳудуди ҷумҳурӣ, инчунин ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии болоравии беасоси нархҳо гуруҳи корӣ таъсис додааст.
Рӯзи 28 май гуруҳи кории Хадамот ба бозорҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон сафарбар гардидааст.
Ба иттилоъи Хадамот, аз нимаи дуюми моҳи май дар бозорҳои кишвар норасоии семент ба мушоҳида расида, дар натиҷа нархҳо боло рафтанд ва як халтаи семент (50 кг) бо арзиши 70-85 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Хадамот мегӯяд, пас аз тадбирҳои андешидаи якҷояи кормандони онҳо ва корхонаҳои истеҳсоли семент, вазъияти бамиёномада дар як шабонарӯз ба эътидол оварда шуд:
“Рафти мониторинги гузаронидашуда дар санаи 29 майи соли ҷорӣ нишон дод, ки нархи як линча семент дар шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ аз 54 то 60 сомонӣ ва дар баъзан ҳолатҳо бо назардошти хароҷоти ҳамлу нақл ва бурда расонидани мол то минтақаи муайяншуда то 65 сомонӣ ва дар шаҳри Душанбе аз 54 то 60 сомонӣ ба фуруш гузошта шудааст”, – омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.
Дар вилояти Суғд нархи як халтаа семент аз 60 то 65 сомонӣ ва вилояти Хатлон аз 54 то 63 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, корхонаҳои истеҳсолкунанда нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳоро бо ин масолеҳи сохтмон таъмин намуда, нархи семент муътадил гардида истодааст.
Таъкид шудааст, ки сарфи назар аз ин, гуруҳи кории Хадамот фаъолияти худро идома дода, то пурра ба эътидол омадани вазъ ҷиҳати ба танзим даровардани нарх тамоми чораҳои заруриро амалӣ ва маълумоти иловагӣ манзур менамояд.




