Шарифхон Сафарзода расман раиси ВМКБ таъин шуд

Shared to Facebook

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз, 18 июл, содир шуд, Алишер Мирзонабот бо сабаби вафоташ аз вазифаи раиси ВМКБ озод карда шуд. Бо фармони дигар Президент, Шарифхон Сафарзода ба вазифаи раиси ВМКБ таъин гардид.

Шарифхон Сафарзода аз соли 2023 муовини аввали раиси ВМКБ буд ва баъди фавти Алишер Мирзонабот, ҳамакнун собиқ раиси ВМКБ, Сафарзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ таъин шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки мошини хизматии Алишер Мирзонабот субҳи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ дар километри 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтода буд. Дар мошин ҳамсару кӯдаки хурдсол ва ёвару ронандааш ҳузур доштанд.

ВКД   сабаби ҳодисаро “суръати баланди ҳаракат” ва “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани” ронанда номид.