COVID-19 дар Тоҷикистон: аз 7,5 ҳазор нафар гузашт

Shared to Facebook

Бино ба маълумоти расмӣ, шумораи сироятёфтагони коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон аз 7,5 ҳазор нафар гузашт. Танҳо шабонарӯзи гузашта беш аз 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба ин вирус сабт шудааст:

“Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 3 август ба 7538 нафар расида, аз ин беморӣ 61 нафар фавтидаанд”, — маълумот дод маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Ба маълумоти манбаъ, аз ҳисоби умумӣ то 3 август дар ҷумҳурӣ 6317 нафар (83,8{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}) гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.