Тағйироти кадрӣ. Таъини раиси нави Шаҳринав, директори Агентии авиатсияи гражданӣ ва роҳбарони Осорхонаи милливу бархе донишгоҳу муассисаҳои таълимӣ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 июн дар сохтори вазоратҳои маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар дод.

Аз ҷумла, Ҷамолиддин Нуралиев бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шудааст. Фармон дар ин хусус барои таъйид ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳамчунин, бо фармонҳои Президент Ҷаббор Носирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Абдуқодир Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав таъин шудааст. Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Ҷаббор Носирзода муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Бо қарори дигар, Исматулло Шодиён бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Рамазон Одиназода директори ин Муассиса таъин шудааст.

Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ озод карда шудааст. Ибодуллозода Аҳлиддин, ки то ин вақт директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон буд, бо амри Президент, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин шудааст.

Абдусалом Мирализода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озод карда шудааст. Ба ҷойи ӯ Раҳмон Дилшод Сафарбек ректори ин Донишгоҳ таъин гардидааст.

Ориф Алимардонзода аз вазифаи директори Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон озод ва ба ҷойи ӯ Илҳомҷон Қодирӣ, декани собиқи факултаи филолгияи Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар ба ин вазифа таъин шудааст.

Ҳамчунин, бо қарори дигар, Сафарзода Дилшод Файзалӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардидааст.

Холмуҳамадзода Сорбони Амирхонӣ ва Сафарзода Манучеҳр Баҳодур муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъин шудаанд.

Зафаршо Иброҳимзода, ки то ин вақт муовини директори Осорхонаи миллӣ буд, директори ин Осорхона таъин шудааст.

Рамазон Одиназода, ки то чанде пеш раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони илму маориф буд, ба ҷойи Исматулло Шодиён директори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм таъин шудааст.

Уктам Олимҷонзода ва Абдулвосит Шодиниё муовинҳои директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон таъин гардидаанд.

Ҷӯразода Кабир Каримҷон аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод карда шудааст.

Рӯзи 10 июн Президент бо кадрҳои таъиншуда суҳбат кардаанд. Сарвари давлат зимни мулоқот аз таҳлилу баҳогузорӣ ба фаъолияти роҳбарони мақомоти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимму рӯзмарра, нақши ҳар як мутахассис дар пешрафти соҳа вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо далелу рақамҳои дақиқ мисол оварда, дастуру супоришҳо додаанд. Ба роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҷавон, кордону ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ дастуру супориш дода, Президент, бахусус, ба соҳаи илму маориф, ки махзани асосии тайёр кардани кадрҳои соҳибмалака дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.

Дар сохтору мақомоти зикргардида аз баъзе камбудиву норасоиҳо ёдовар шуда, Президент таъкид кардаанд, ки “кадрҳои ҷавон бояд бо завқи беандоза, дасту дили пок, савияи баланди донишҳои замонавӣ, маҳорати роҳбарӣ ва суханвариву забондонӣ барои аз байн бурдани монеаҳои роҳҳои рушду тараққиёти давлат — хурофотпарастӣ, ришваситонӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи волоияти қонун мубориза баранд ва дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд”.