Ташкили парвози чартерӣ байни Тоҷикистону Беларус

Shared to Facebook

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19, рӯзи 30 август ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар самтҳои Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад.

Дар ин бор Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Ба маълумоти манбаъ, парвози чартерӣ дар самти Душанбе-Минск, пеш аз ҳама, барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Дар робита ба ин, вазорат аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хостааст, ки ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо талаботи санитарию эпидемиологиро ба назар гиранд.

Гуфта шудааст, сафоратҳои Тоҷикистон дар Беларус ва Украина ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини интиқол аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ мерасонанд. Барои харидани чиптаҳои ҳавопаймо дар самти Душанбе-Минск шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба “Сомон Эйр” муроҷиат намоянд.

Тавассути парвози чартерӣ дар самти Минск-Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус ва Украина қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд. Барои шомил шудан ба рӯйхати интиқол ҳамватанон мебояд ба сафоратҳои Тоҷикистон дар Минск ва Киев муроҷиат намоянд.

“Ҳангоми вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули реаксияи занҷири полимераз (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди шаҳодатнома озод мебошанд”, — омадааст дар иттилоияи Вазорат.