Мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи олии СММ

Shared to Facebook

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат рӯзи 5 август бо Намояндаи олии СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикарда, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ Куртеней Раттрей мулоқот кардааст.

“Зимни мулоқот авлавиятҳои кишвар дар Гурӯҳи кишварҳои тарақикунандаи маҳсур дар хушкӣ, инчунин масъалаҳои татбиқи Барномаи амали Вена, барқароршавӣ аз ҳамагирии COVID-19, дастрасии баробар ба ваксинаҳо, такмил ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) ва ҳамкориро ҷиҳати татбиқи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” матраҳ шуданд”, — хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.