COVID-19 дар Тоҷикистон: беш аз 15 ҳазор бемор шифо ёфтанд

Shared to Facebook

Рӯзҳои истироҳати сипаригардида дар Тоҷикистон 138 ҳолати сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Рӯзҳои истироҳат ҳолатҳои фавт аз ин беморӣ сабт нашудааст.

Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар айни замон, бино ба маълумоти манбаъ, дар ду шабонарӯзи охир 153 нафар пас аз муолиҷа солим гардонида шудаанд.

Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти расмӣ, аз аввали бақайдгирӣ то 8 август дар Тоҷикистон 15651 нафар гирифторони сирояти коронавируси COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15193 нафар (97,1{7fae7d3210038c923b19efe3ba7d28d4385a99b0ff0db68682322141649f6360}) шифо ёфтаанд. Бар асари ин беморӣ 122 нафар фавтидаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то субҳи 8 август дар ҷаҳон беш аз 201 млн нафар мубталои ин беморӣ шуда, аз ин наздик ба 4,3 млн нафар фавтидаанд.

Бино ба маълумоти расмӣ, то 4 августи имсол дар Тоҷикистон 1 миллиону 13 ҳазору 808 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 80 ҳазору 250 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ гирифтаанд

Тибқи омори пойгоҳи маълумотдиҳии Ourworldindata.org, дар айни замон ҳар рӯз дар ҷаҳон 38,2 миллион воя ваксина истифода шуда, то 8 август 4,46 млрд воя ваксинаи зидди коронавирус истифода гардидааст. Дар маҷмӯъ, 30{7fae7d3210038c923b19efe3ba7d28d4385a99b0ff0db68682322141649f6360} аҳолии ҷаҳон ҳадди ақал як дозаи ваксинаи COVID-19 гирифта, 15,5{7fae7d3210038c923b19efe3ba7d28d4385a99b0ff0db68682322141649f6360} пурра эм карда шудаанд.

Танҳо 1,1 фоизи аҳолии кишварҳои камдаромад ҳадди ақал як воя ваксина гирифтаанд.