Сарҷамъии президентҳо дар Туркманбошӣ: аз Нишони фахрӣ ба Эмомалӣ Раҳмон то муаррифии дастовардҳои саноативу сайёҳӣ ва таъомҳои миллӣ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари давлатӣ дар Туркманистон рӯзи 6 август дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар вохӯрӣ президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ширкат варзиданд.

Роҳбарони давлатҳо аҳамияти Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид намуда, маҷмуи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. 

“Мо ба ҳамкории зич дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияи муосир, дар соҳаи сайёҳӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, нақлиёт ва амнияти энергетикӣ омода ҳастем”, — гуфтанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ.

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ мо бояд ба таҳияи чорабиниҳои нав ва муассири мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок диққати ҷиддӣ диҳем.

Сарвари давлат чанд тадбирҳои судмандро пешниҳод карда, зарурати боз ҳам вусъат додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, тақвияти робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ, бахусус дар самти таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва ҳамкории зичи сохторҳои амниятии кишварҳо дар муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои амниятиро таъкид намуданд.

Гуфта шуд, дар шароити кунунӣ, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обии минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ва таъсири пандемияи короновирус ҷалб карда шуд.

Дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.

Нимаи дуюми рӯзи 5 август дар шаҳри Туркманбошӣ дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон ва дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ президентҳо дар мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва дар баҳри Хазар сайругашт карданд.

Президентҳо бо роҳбаладии Сарвари кишвари мизбон аз имконоти сайёҳии мавзеи Авазаи шаҳри Туркманбошӣ, аз ҷумла иншооти варзишӣ, минтақаҳои туристӣ ва тавассути киштӣ аз баҳри Хазар боздид намуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 август ҳамроҳ бо президентҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар доираи Мулоқоти машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ аз намоишгоҳи  маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид ба амал оварданд.

Дар баробари дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолии ширкатҳои ватаниро ба намоиш гузошт.

Дар гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон 12 коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла “Сиёма”, “Зулол”, “Ҷавонӣ”, “КАТН”, “Тоҷиккристал”, “Талко”, ҶДММ “Fаюр”, “Амирӣ”, “Рухом” ва “Қолинҳои Қайроққум” маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, қаннодӣ, обҳои рангаи ташнашикан, фурӯзонакҳо, маҳсулоти рангуборкунӣ ва ороишӣ, ҳунарҳои дастӣ, кулолгарӣ, наққошӣ ва ғайраро муаррифӣ намуданд.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ дар қатори дигар кишварҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон тавонистанд, ки маҳсулоти ба бозор ва талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯро ба маъраз гузоранд.

Ҳамчунин, дар намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон маводи иттилоотӣ, харитаи сайёҳӣ ва армуғонҳои гуногунро бо бренди сайёҳии “Тоҷикистон: дӯстиро эҳсос намо” муаррифӣ карданд.

Ҳангоми муаррифии гӯшаи намоишии Тоҷикистон Сарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба зарфият ва имконоти рушди соҳаҳои саноат ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Ҳамон рӯз дар шаҳри Туркманбошӣ ҳамчунин Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Аз ҷараёни фестивал президентҳои ҳамаи 5 кишвари минтақа боздид ба амал оварданд.

Дар фестивал гӯшаи намоишии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он таомҳои миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ, нонҳои гуногун, шириниҳо, маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили мевагиҳо, сабзавот, полезӣ, хушкмева инчунин асал ва 20 намуд гиёҳҳои шифобахш ба маъраз гузошта шуд.

Дар Фестивали байналмилалии таъомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонону шираткунандагон ба гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон мароқи баланд зоҳир карданд.

Хадамоти мабуотии Сарвари давлат мегӯяд, гӯшаи намоишии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, баёнгари он буд, ки Тоҷикистон сарзамини зархез, ватани обҳои ширину мусаффо, боғҳои серҳосил ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст мебошад.

Аснои шиносоӣ бо гушаи намоишии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Сарони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд. Зимни шиносоӣ ба Сарони кишварҳо иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо аз қаламрави Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, бахусус мева ва хушкмеваҳо ба кишварҳои гуногуни сайёра содирот карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки минбаъд соҳибкорони тоҷик метавонанд ба кишварҳои минтақа содироти маҳсулоти гуногуни кишоварзиро афзоиш дода, бо ин васила бозори истеъмолии минтақаро ғанӣ гардонанд.