Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу масъалаҳои таҳкими робитаҳо, татбиқи лоиҳаҳои муфид барои хоҷагии халқ ва дурнамои ҳамкориро баррасӣ кардааст.
Бино ба хабари Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар суҳбат аз рушди ҳамкорӣ бо ташкилот, муассисаҳо ва наҳодҳои тахассусии СММ изҳори қаноатмандӣ карда ва таъкид шуд, ки Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви СММ гардид ва имрӯзҳо бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ҳамкории густарда дорад:
“Аз ҷумла, СММ барои рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ мунтазам кумак мерасонад. Ҳамзамон аз тарафи ин созмон барои пешгирии бемории сироятии коронавирус ба вилоят кумак расонида шуд, ки ин аз тақвияти ҳамкорӣ гувоҳӣ медиҳад”, — омадааст дар хабар.
Иттилоъ дода шудааст, ки бо дастгирии СММ айни замон якчанд лоиҳа баҳри дастгирии нафарони маъюб, пешгирии терроризму экстремизм, мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, расонидани кумакҳо ба шахсони аз офатҳои табиӣ зарардида амалӣ гардида истодаанд.