Пешгирии фурӯши дорувориҳои психотропӣ дар Душанбе

Shared to Facebook

Моҳи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон якчанд ҳолати хариду фурӯши ғайриқонунии дорувориҳои психотропӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва бе доштани иҷозатнома нигоҳдорӣ ва фурӯш ин гуна дорувориҳоро дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе ошкор кардаанд.

Аз ҷумла ҳангоми фурӯши 2220 дона ҳаб (таблетка)-и психотропии “Алпразолам” кормандони Агентӣ шаҳрванд Саидшо Исмоиловро боздошт намуданд, ки дар дорухонаи воқеъ дар кучаи Гагарин-1 и ноҳияи И.Сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будаааст.

Маълум карда шудааст, ки номбурда дар дорухонаи воқеъ дар кучаи Гагарин-1-и ноҳияи И.Сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, дар дохили дорухона боз 400 адад ҳаби психотропии “Алпразолам”- ро бо мақсади фурӯш ғайриқонунӣ нигоҳ медорад.

Ҳамчунин, санаи 9 июли соли ҷорӣ кормандони Агентӣ ҳангоми гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар намуди “Харидории санҷишӣ” аз шаҳрванд Раҷабов Ёқубчон Бобоҷонович 290 адад дорувории психотропии “Алпразолам” – ро бо маблағи 780 сомонӣ харидорӣ намудаанд:

“Чунин як ҳолати дигар санаи 6 уми июли соли равон дар натиҷаи баргузории чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯйи дар намуди “Харидории санҷишӣ” аз ҷониби кормандони Агентӣ дар дорухонаи “Амир-фарм” воқеъ дар кучаи Н.Қарабоев №92 каср 1 ба қайд гирифта шуда, аз шаҳрванд Ҷумаев Илҳом Эмомалиевич, ду адад қутии рангаш сафед бо навиштаҷоти Alprazolam ки дар дохили он 224 адад ҳабҳо ҷойгир буданд дастрас карда шуд”, — хабар дод Агентӣ.

Дар рафти тафтишот маълум гардидааст, ки шаҳрванд Ҷумаев Илҳом бе доштани иҷозатномаи махсус фурӯши дорувориҳои психотропиро ба роҳ мондааст.

Мақомот мегӯянд, нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 206, иловаи 1, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Зимнан, моддаи 206 иловаи 1 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд ба муҳлати то ду сол маҳрум сохтан аз озодӣро пешбинӣ намудааст.