500 мусалмони бонуфузи дунё: Президент ва муфтии Тоҷикистон боз ба ин феҳрист дохил шуданд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода маротибаи ҳафтум ба феҳристи 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон шомил шуданд. Ба ин рӯйхат чеҳраҳое шомил мешаванд, ки ба ҳама мусулмонҳои ҷаҳон таъсири сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва ё иҷтимоӣ доранд.

Феҳристи “The Muslim 500-2021”-ро рӯзи 19 октябр Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон дар ҳамдастӣ бо Маркази ҳусни тафоҳуми мусалмонӣ-насронӣ дар Ҷорҷтаун нашр карданд. Ба ин рӯйхат, ки аз соли 2009 ба ин тараф нашр мешавад, 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳон шомил шудаанд.

Дар панҷгонаи аввали ин феҳрист амири Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ, шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз, роҳбари руҳонии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва яке аз олимони машҳури олами ислом Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ ҷой гирифтаанд.

Ҳамчунин, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ, Оғохони IV, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, Чеченистон – Рамзан Қодиров, сарвазири Покистон Имрон Хон, ҳамлагари тими мунтахаби футболи Миср ва “Ливерпул”-и Англия Муҳаммад Салоҳ ва муфтии Ӯзбекистон – Усмон Олимов ба ин рӯйхат шомиланд.