Тоҷикистон САҲА-ро платформаи муҳим барои муколама мешуморад

Shared to Facebook

Масъалаҳои марбут ба вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон мавзӯъи асосии суҳбати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмид будааст.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба маълумоти манбаъ, дар ин суҳбат, ки рӯзи 7 май аз тариқи онлайнӣ баргузор шуд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

“Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳама сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад, аз ҷумла тавофуқот дар мавриди эълони оташбас ва омодагии ҷонибҳо барои ҳалли вазъияти бавуҷудомада аз тариқи гуфтушунид ва бо истифода аз василаҳои сиёсию дипломатӣ маълумот дод”, — омадааст дар хабар.

Ҳ. Шмид аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва ҳалли низои мусаллаҳона дар қитъаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол намуда, ба риояи уҳдадориҳои дар чаҳорчӯби САҲА гирифташуда тавассути идомаи кӯшишҳо ва музокирот барои коҳиш додани шиддати вазъ ташвиқ намудааст.

Зимнан, Дабири кулли САҲА кумаки ҳамаҷонибаи Созмонро барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати бавуҷудомада пешниҳод кардааст.

Fайр аз ин, мусоҳибон аҳаммияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва аслиҳа таъкид намудаанд.

Масъалаҳои ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеа низ муҳокима шудаанд.

Дар мулоқот вазъи Афғонистон матраҳ гардида, саҳми Тоҷикистон ва нақши лоиҳаҳои минтақавӣ дар раванди эҷоди сулҳ ва эҳёи иқтисодӣ дар ин кишвар муҳим арзёбӣ шудаанд. Дар ин маврид нақши Коллеҷи идораи сарҳадии САҲА барои кормандони аршад дар Душанбе дар бозомӯзии онҳо дар масъалаҳои идораи сарҳадӣ дар минтақаи САҲА таъкид гардидааст.

Сироҷиддин Муҳриддин қайд намудааст, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо Созмон ҳавасманд мебошад.

Тарафайн барои истифодаи имкониятҳои фаровон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар чорчӯби се ченаки САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ изҳори омодагӣ намудаанд.