Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд гуфт, шароите ба миён омадааст, ки масъулияти шахсии роҳбарони мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар иҷрои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии пешбинишуда бояд боз ҳам баланд бардошта шавад. Ба гуфтаи Сарвари давлат, дар вилоят баъзе масъалаҳое мавҷуданд, ки ҳалли фаврӣ мехоҳанд.
Аз ҷумла, аз нақшаи ҷамъоварии андозҳо мисол оварда шуд, ки ҷумла андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар панҷ моҳи соли равон 87,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 154 миллион сомонӣ ворид нагардидааст. Бақияи қарзи андозҳо (бо дарназардошти андози иҷтимоӣ) дар вилоят ба санаи 1-уми июни соли 2020 ба 86 миллион сомонӣ баробар шудааст:
“Мавҷудияти бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гувоҳи он аст, ки ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо сохторҳои маҳаллии Кумитаи андоз ва андозсупорандаҳо қонеъкунанда нест”,-таъкид карда Сарвари давлат.
Бинобар ин, ба роҳбарони Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, аз ҷумла иҷрои саривақтии нақшаи андозҳо, таъмини самаранокии қисми хароҷоти буҷет, кам намудани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа чораҳои фаврӣ андешанд:
“Ҳамзамон бо ин, роҳбарону масъулонро зарур аст, ки дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва мунтазам дастгирӣ кардани соҳибкорон, ташаккули манбаъҳои нави андозбандӣ ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷет пайваста чораҷӯӣ намоянд”.
Ҷалби сармоя ҳам ба вилоят, ки дар моҳҳои январ-марти имсол 500 миллион сомониро ташкил додааст, ночиз арёзбӣ гардид ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда шуданд, ки назорати босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда татбиқ гардидани лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро ҷоннок намоянд:
“Бо дарназардошти вазъи имрӯза, яъне таъсири пандемияи каронавирус ба иқтисоди миллӣ роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки тавассути ҷалби бештари сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок, содироти он ва зиёд намудани манбаъҳои андозбандӣ эътибори аввалиндараҷа дода, дар ин самт тамоми имкониятҳоро истифода баранд”,-таъкид кард Президент.
Ба мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки доир ба иҷрои корҳо дар самтҳои зикршуда ба Ҳукумати кишвар мунтазам ҳисобот диҳанд.
Сарвари давлат дар моҳҳои январ-майи имсол ба қайд гирифта нашудани истеҳсоли орд дар якчанд корхонаи коркарди гандуми вилоятро ташвишовар номид:
“Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор аст, ки якҷо бо роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он доир ба таъмини фаъолияти доимии иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ омода намудани кадрҳои идоракуниву муҳандисӣ чораҳои мушаххас андешад”.
Ҳамчунин, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор карда шуданд, ки бо мақсади ба роҳ мондани гуногуннавъии маҳсулоти саноатӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадам ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон густариш диҳанд.
Моҳи гузашта дар машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон доир ба самаранок истифода бурдани замин, гирифтани се-чор ҳосил, ташкили захираи дусолаи озуқаворӣ аз ҷониби ҳар як оилаи кишвар ва дигар тадбирҳо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дода шуданд.
Вобаста ба ин роҳбарияти мақомоти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он низ вазифадор шуданд, ки ба ин масъалаҳо ҷиддӣ муносибат карда, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои зикршударо таъмин созанд:
“Роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро бори дигар вазифадор менамоям, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва боз ҳам баланд бардоштани маданияти истифодаи замин ҷоннок намоянд”, — таъкид гардид дар мулоқот.
Зикр шуд, ки ҳарчанд дар вилоят бо мақсади коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти ватанӣ якчанд корхонаи муосир фаъолият дорад, аммо иқтидори соҳа ҳанӯз нокифоя мебошад:
“Дар ин давра аз вилоят маҳсулоти консерва ва хушкмева ҳамагӣ ба маблағи 3,4 миллион доллар содирот шудаст, ки чунин нишондиҳанда бо дарназардошти имкониятҳои вилоят дар ин самт қонеъкунанда нест. Бо вуҷуди дастуру супоришҳои пайвастаи Роҳбари давлат оид ба масъалаи афзоиш додани содирот дар панҷ моҳи соли ҷорӣ содироти пиёз ва мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст”.
Ба Агентии содирот супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҳамкориро бо мақомоту субъектҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ тақвият бахшида, ҳаҷми содироти сабзавоту мева ва маҳсулоти коркарди онҳоро афзоиш диҳад.
Роҳбарону мутахассисон ва кишоварзони вилоят вазифадор гардиданд, ки тавассути истифодаи самараноки заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёд карда, талаботи аҳолиро ба маҳсулоти ниёзи аввал ҳарчи беҳтар таъмин намоянд.