Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар садамаи нақлиётӣ, ки қабл аз зуҳри 17 июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз рух дод, ҷон бохтааст.
Дар Изҳори ҳамдардии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат нашр кард, гуфта шудааст, ки “Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Мирзонабот дар натиҷаи садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз рух дод, ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид”.
Сарвари давлат дар робита ба марги фоҷиавии Алишер Мирзонабот ба наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ карда, хоҳони сабри ҷамил ба онҳо шудаанд.
Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки вазифаҳои хизматии худро ҳамеша содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард.
Бо супориши Роҳбари давлат, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар роҳбарону масъулон ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.




