Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти “С5+1”

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори қолаби “С5+1”иштирок ва суханронӣ намудааст.

Ин ҷаласа рӯзи 22 сентябр дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк бо ташаббуси ҷониби амрикоӣ баргузор гардидааст:

“Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо ва иқдомҳои ҳамоҳангшудаи муштарак байни кишварҳои минтақа таъкид карданд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.