Дар Ню-Йорк ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА баррасӣ шуд

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 22 сентябр дар Ню-Йорк бо Ёвари махсуси Президенти Амрико ва Мудири аршад оид ба Русия ва Осиёи Марказии Шӯрои амнияти миллӣ Эрик Грин мулоқот намудааст.

Бино ба хабари ВКХ Тоҷикистон, дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону ИМА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, аз ҷумла вазъи сиёсию амниятӣ дар ин кишвар табодули назар кардаанд.