Ҷаласаи вазирони СААД дар Душанбе: мавзӯъи асосӣ шиддатёбии вазъ дар Афғонистон ва таҳкими марзи Тоҷикистон буд

Shared to Facebook

Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро таҳия менамояд. Вобаста ба ин дар машварати мақомоти кишварҳои СААД оид ба вазъи Афғонистон, ки рӯзи 15 сентябр дар Душанбе баргузор гардид, изҳороти муштарак қабул карда шуд.

Дар ин бора Дабири кулли СААД Станислав Зас зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт.

Ин изҳорот дар пайи ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони дифоъ, корҳои хориҷӣ ва ҳамчунин котибони шӯроҳои амнияти СААД қабул шудааст.

“Маълумот дар бораи рафти омодасозии лоиҳаи барномаи ҳадафноки байнидавлатии СААД барои таҳкими қитъаҳои марзи Тоҷикистон ва Афғонистон шунида шуд”, — гуфт Зас.

Ба гуфтаи дабири кулли Созмон, нақшаи таъмини амнияти манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон дар Тоҷикистон ниҳоӣ мешавад. Дар доираи тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузории амалиёти зидди маводи мухаддири “Канал” ва амалиёти байнидавлатӣ барои муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии “Нелегал” дар назар аст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Зас, дар машварати мақомоти кишварҳои СААД оид ба вазъи Афғонистон изҳороти муштарак қабул карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти ин созмон чанд санад ба имзо расид. Аз ҷумла, намояндагони созмонҳои СААД ба баёнияи муштарак “Дар бораи вазъи Афғонистон” имзо гузоштаанд.

Ҳамчунин, изҳороти вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо терроризми киберҷиноятӣ, инчунин талошҳои дастҷамъона барои ҳалли вазъиятҳои буҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ва ҳамкорӣ барои таъмини риояи қатъии онҳо тасдиқ карда шуданд.

Ҳамзамон котибони шӯроҳои амнияти СААД тасмим гирифтаанд, ки Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои амнияти биологӣ таъсис диҳанд.

Ҳамчунин муайян аст, ки дар нишасти 16 сентябр дар Душанбе ҷонибҳо дар бораи муҷаҳҳаз сохтани неруҳои дастҷамъӣ бо аслиҳа ва техникаи муосир созишнома ба имзо мерасонанд.

Илова ба ин, неруҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар наздикии марзҳои Афғонистон машқҳои омӯзишӣ мегузаронанд, то дар сурати ворид шудани ҷангҷӯёни эҳтимолӣ амалиёт анҷом диҳанд.

То ин замон намояндагони Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ борҳо изҳор доштанд, ки дар сурати зарурат Созмон омода аст дар пасманзари шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон кумаки фаврӣ расонад.

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ ва вазоратҳои дифои кишварҳо — намояндагони СААД ва котибони амният имрӯз, 15 сентябр, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вазъи ноором дар Афғонистон, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории байналмилалӣ аз мавзӯъҳои асосии ҷаласа буданд.

Зимнан, 16 сентябр дар Душанбе Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар ҷаласа Президенти Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Белорус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок карданд.

Президенти Русия Владимир Путин, ки қаблан аз лағви сафараш ба Душанбе хабар дода шуд, дар кори ҷаласа ба таври маҷозӣ иштирок мекунад.