Бонкҳои Тоҷикистону Русия созишнома имзо карданд

Shared to Facebook

14 сентябр Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини Раиси Бонки марказии Русия Руслан Вестеровский Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютериро имзо намуданд.

Дар оғози маросими имзои Созишнома, ки тариқи фосилавӣ баргузор гардид, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории пурсамари Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Русия тавсиф намуда, таъкид доштааст, ки Русия яке аз шарикони аслии Тоҷикистон дар бахши тиҷорату савдо, бонкдорӣ ва сармоягузорӣ ба шумор меравад:

“Имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ ҷиҳати ҳимояи низоми бонкии ҳар ду кишвар аз хатарҳои иттилоотӣ буда, барои ташкили ҳамкории самаранок дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меорад”, — иброз намудааст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Муовини Раиси Бонки марказии Русия Руслан Вестеровский зимни суханронии хеш аз равобити мустаҳкам ва мутақобилан судманди Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯз ин ду бонк дар аксар бахшҳо ҳамкории пурсамарро роҳандозӣ намудаанд ва ҳамгироии Низоми пардохтии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир”-ро намунаи барҷастаи ин ҳамкорӣ муаррифӣ намуд.

“Таҳия ва имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ ба манфиати низоми бонкии ҳар ду кишвар буда, иқдоми саривақтӣ мебошад”, — зикр намуд муовини Раиси Бонки марказии Русия.

“Тақвияти амнияти иттилоотӣ, таҳияи стратегия оид ба мушаххассозии омилҳои ҳамлаҳои компютерӣ, муқовимат бо ҳамлаҳои компютерӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он ба низомӣ бонкӣ аз муҳимтарин вазифаҳои бонкҳои марказии муосир ба ҳисоб меравад, ки Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ фаро гирифтааст”, — хабар доданд аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ дар оянда ҷиҳати табдили маълумот ва табодули таҷриба дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ байни ду кишвар шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.