Истиқболи Ҳамоҳангсози кишварии СММ аз тавофуқоти оташбас

Shared to Facebook

Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва имзои протоколҳо оид ба ҳалли низоъ дар қитъаҳои наздисарҳадӣ ва азсаргирии гуфтушунидҳо оид ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон истиқбол намудааст.

Вай дар ин бора зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки рӯзи 7 май баргузор шуд, изҳор доштааст.

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳама сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад, аз ҷумла идомаи гуфтушунидҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба  делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот додааст:

“Дар ин росто таъкид гардид, ки Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллуфасл кунад”, — гуфта шудааст дар хабар.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва муассисаҳои тахассусии СММ-ро баррасӣ кардаанд.