Даҳҳо ҳазор террорист – “мерос”-и ҷанги 20-сола дар Афғонистон: Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ба “Толибон” таъсир расонанд

Shared to Facebook

Ҷониби Тоҷикистон ҳама гуна ҳукуматеро, ки дар Афғонистон бе раъйпурсии мардумӣ ва намояндагони ҳамаи қавмҳо таъсис дода мешавад, эътироф намекунад. Дар айни замон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда мешавад, ки ба “Толибон” таъсир расонда, дар пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ дар буҳрони ҷорӣ мусоидат намояд.

Ин изҳоротҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳафтаи гузашта зимни ду мулоқоти маҷозӣ оид ба вазъи масъалаҳои Афғонистон садо доданд.

Дар нахустин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон – Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон ва Чин, ки бо пешниҳоди Исломобод баргузор гардид, вазирон зарурати пешбурди абзори мазкурро ба мақсади баррасии вазъи кунунии Афғонистон ҳамчун механизми нави ҳамкорӣ миёни ҳамсояҳои он кишвар таъкид карданд:

“Ҷонибҳо изҳор карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои минтақа бояд масъулияти муҳимро барои сулҳу субот ва барқарорсозии Афғонистон ба дӯш гирифта, ба он кишвар кӯмакҳои зарурии иқтисодӣ ва башардӯстона расонанд”, — хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд намудааст, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳукумати фарогири ҳамашумул бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва ақалиятҳои миллӣ фаъолият кунад. Сироҷиддин Муҳриддин илова намудааст, ки “мо ҳама гуна ҳукуматеро, ки бе раъйпурсии мардумӣ ва намояндагони ҳамаи қавмҳо таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳем кард”.

Дар нишасти дигар, ки низ рӯзи 8 сентябр бо ташаббуси ИМА ва Олмон ва ҳузури маҷозии роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Австралия, Баҳрайн, Канада, Фаронса, Ҳиндустон, Италия, Япония, Кувайт, Норвегия, Покистон, Қатар, Ҷумҳурии Корея, Арабистони Саудӣ, Испания, Туркия, Туркманистон, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Британияи Кабир, ИА ва СААШ, СММ оид ба масъалаҳои Афғонистон баргузор гардид, диққати асосӣ ба мавзӯи гурезаҳо, мубориза бо терроризм, расонидани кумаки гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва ҳамкориҳои кишварҳо барои роҳ надодан ба фоҷиаи гуманитарӣ дар ин кишвар равона карда шуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ, аз ҷумла, таъкид кардааст, ки ҷомеаи байналмилалӣ тӯли 20 сол натавонист дар Афғонистон тартибро ҷорӣ кунад ва даҳҳо ҳазор террористро дар ин кишвар “мерос” монд:

“Ин кишвар ба маркази нооромиву бесуботи мубаддал гардид. Дар ин вазъият Тоҷикистон, ки бо ин кишвар марзи тӯлонӣ ва ҳассос дорад, чӣ амалкардаҳое бояд дошта бошад?” – масъалагузорӣ кард Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба мавзӯи ҷанг дар Панҷшер ишора карда, афзудааст, “Толибон” ҳавопаймоҳоро бо мусоидати кишварҳои сеюм зимни ҳамлаҳо ба Панҷшер истифода мебаранд, ки боиси кушта шудани теъдоди зиёди мардуми бумӣ, яъне тоҷикон мегардад”. Аз ин рӯ, вай ҷомеаи ҷаҳониро даъват кардааст, ки ба “Толибон” таъсир расонанд ва дар пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ дар буҳрони ҷорӣ мусоидат намояд.

Вазири корҳои хориҷӣ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон танҳо ҳукумати фарогирро бо иштироки тамоми гурӯҳҳои этникӣ, ки дар он тоҷикони Афғонистон ҷойи сазовори худро ишғол мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард.