БМТ: Содироту қарз зиёд, таваррум коҳиш ёфт. Шарҳи мухтасари фаъолияти низоми бонкӣ дар Тоҷикистон

Shared to Facebook

Бонки миллии Тоҷикистон тавонист, ки соли равон сиёсати қурбиро нигоҳ дорад. Дар ин бора дар нишасти матбуотии рӯзи гузашта раиси БМТ Ҳаким Холиқзода изҳор дошт:

“Қурби пули миллӣ дар ин давра муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА танҳо 0,2 фоиз коҳиш ёфт (аз 11,3000 то ба 11,3210). Нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса ба соли гузашта 6,2 банди фоизӣ кам мебошад. Новобаста аз таъсири мавҷи навбатии сироятии пандемияи коронавирус (COVID-19) ва дигар омилҳои тағйирёбанда, Бонки миллии Тоҷикистон тавонист сиёсати қурбии худро нигоҳ дорад”, — гуфт вай.

Ба гуфтаи Холиқзода, сиёсати самараноки қурбӣ дар реҷаи шинокунандаи танзимшаванда имкон фароҳам овард, ки дар ин давра қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ муътадил нигоҳ дошта шавад.

Дар айни замон, Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳаҷми содиротро назар ба ҳамин давраи соли гузашта 88 дар сад афзоиш додааст, ки бесобиқа аст. Ба гуфтаи Холиқзода, дар ин давра молҳо ба маблағи 1 миллиарду 851 миллион доллар ворид ва ба маблағи 1 миллиарду 232 миллион доллар содир карда шудаанд:

“Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан ҳаҷми воридоти мол 23 фоиз ва содироти он 88 дар сад зиёд мебошад”.

Дар маҷмӯъ, рушди иқтисодиёт дар нимсолаи якуми соли 2021 муътадил арзёбӣ гардида, ММД-и номиналии ҷумҳурӣ 40 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил додааст. Рушди воқеӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 банди фоизӣ зиёд будааст:

“Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 23,4 фоиз, сохтмон 22,1 фоиз, гардиши савдои чакана 17,1 фоиз, хизматрасониҳои пулӣ 16,5 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,1 фоиз ба вуқӯъ пайваст”.

Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-июни имсол 3,9 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ паст арзёбӣ шуд. Ба гуфтаи масъулини БМТ, нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 5,1 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 3,1 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,6 фоиз ба амал омад.

“Ҷиҳати танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 153 млрд. сомонӣ амонатҳои шабонарӯзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷалб гардид. Инчунин, дар ин давра 33 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,3 млрд. сомонӣ баргузор карда шуд”, — изҳор дошт Раиси БМТ.

Меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, бо пули миллӣ 3 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 9 фоизи солона муқаррар карда шудааст.

Ба маълумоти Бонки миллӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 17 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 адад ташкилоти қарзии хурд ва 27 адад фонди қарзии хурд фаъолият доранд. Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ин давра 21,8 млрд. сомониро ташкил дода, уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мувофиқан ба 17,2 млрд. сомонӣ ва 4,6 млрд. сомонӣ баробар гардидаанд.

Ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2021 фаъолияти худро бо фоида ба маблағи 267,6 млн. сомонӣ ҷамъбаст кардаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116 млн. сомонӣ зиёд будааст.

Бақияи умумии пасандозҳо ба ҳолати 30 июни имсол 9,7 млрд. сомониро ташкил дода, аз ин бо пули миллӣ 56,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 43,9 фоиз будааст.

Ташкилотҳои қарзӣ дар нимсолаи аввали имсол дар ҳаҷми умумии беш аз 6,5 млрд. сомонӣ қарз додаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 64,2 фоиз зиёд будааст. Дар баробари ин, теъдоди қарзҳои додашуда низ дар давраи ҳисоботӣ 2,7 маротиба зиёд гардида, ба 1,1 млн. адад баробар шудааст:

“Тамоюли мазкур аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна шаҳодат медиҳад”, — гуфта шуд дар нишаст.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаи истеъмолот 32,1 фоиз, кишоварзӣ 17,8 фоиз, савдои хориҷӣ 16,4 фоиз, хизматрасонӣ 13,0 фоиз, саноат 9,4 фоиз, сохтмон 3,5 фоиз, нақлиёт 1,2 фоиз, хӯроки ҷамъиятӣ 0,7 фоиз ва дигар соҳаҳо 5,9 фоиз рост меояд.

Моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби бонкҳо ба муштариён қарзҳои бо фоизи нисбатан паст (аз меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои бозорӣ ба андозаи 5 банди фоизӣ пасттар) ба маблағи 682,0 млн. сомонӣ (ба 301 ҳазор адад қарзгир) дода шудааст.

Ҳаҷми умумии қарзҳои барои рушди соҳибкорӣ, ҳамчун самти афзалиятнок додашуда 67,8 фоиз ё ба маблағи беш аз 4,4 млрд. сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 млрд. сомонӣ ё 55,2 фоиз зиёд мебошад.

Ба санаи 30 июн шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 1 229 адад ва 5 364 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи банкоматҳо 133 адад зиёд ва терминалҳои электронӣ 211 адад кам шудаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба санаи 30 июни имсол дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 20 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ 3,75 млн. адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуда, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 42 фоиз зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ-июни имсол дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 35,5 млн. адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи беш аз 1,6 млрд. сомонӣ гузаронида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аз рӯи шумора 70 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда зиёда аз 2 маротиба афзоиш ёфтааст.

Ба санаи 30 июни соли 2021 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ 7923 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4733 адад (2,5 маротиба) зиёд аст.

Ба маълумоти БМТ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 19 ташкилоти суғуртавӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 2-то ташкилоти суғуртавии давлатӣ мебошанд. Дороиҳои ин ташкилотҳо ба санаи 30 июни имсол 513,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 28,1 фоиз зиёд гардидааст.

Уҳдадориҳои тавозунии ташкилотҳои суғуртавӣ дар ин давра 207,8 млн. сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ дар ин давра ба 232,6 млн. сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2020 ба андозаи 90 фоиз зиёд гардидааст. Воридоти мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) ба санаи 30 июни имсол 168,4 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 30,5 фоиз зиёд мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни шарҳи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 2 июли имсол аз ҷониби Президенти Тоҷикистон имзо шуд, изҳор дошт, ки қонуни мазкур метавонад заминаи захираҳои молиявӣ, пасандозӣ ва сармоявии ташкилотҳои қарзиро зиёд гардонада, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ имкон медиҳад, то маблағҳои мазкурро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт равона намоянд.

“Инчунин, қабули ин қонун барои боз ҳам қавитар гаштани низоми молиявӣ – бонкӣ, устуворсозии иқтисодиёти миллӣ, ҷалби бештари муштариён ба низоми бонкӣ мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки маблағҳои берун аз муомилоти расмӣ қарордошта қонунӣ гардонида шаванд ва ба муомилоти расмӣ тавассути низоми бонкӣ баргарданд”, — шарҳ дод вай.