Одамони барӯманди Истиқлол: Охонлаъл Оламов

Shared to Facebook

“Дунёи маънавии миллати фарҳангофари моро дар ҳар давру замон шахсиятҳои фарзонае чун ситораҳои пурҷилову тобнок бо нури хираду андешаи худ мунаввар кардаанд”.

(Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон)

Марде, ки ҳазорҳо километр роҳҳои кишварро сохтааст, танҳо роҳи умри 78-соларо тай намуд. Роҳу пулҳои сохтааш омори дақиқ доранд, аммо купруки меҳру садоқат ба дилҳои мардум сохтааш бешумор аст.

Бо ин марди шариф бори аввал соли 1975 дар шаҳри Москва дучор омадам. Он вақт ба ҳайси мудири гуруҳи таблиғотии КМ ЛКСМ ВМКБ дар ҳамоиши лекторони КМ ВЛКСМ дар пойтахти шӯравӣ ширкат варзидам. Охонлаъл он вақт дар Мактаби олии ҳизбии ҲКИШ дар шаҳри Москва таҳсил мекард. Бо дастури КМ ҲК Тоҷикистон, мо бо шунавандаҳои Мактаби олии ҳизбӣ мулоқот доштем. Барандаи маҳфил Охонлаъл Оламов шунавандаи соли дуюм буд. Бо забони фасеҳ ва бурро суҳбат мекард. Мутахассиси соҳаи илмҳои дақиқ бошад ҳам, аз адабиёт, маънавиёт огоҳии куллӣ дошт. Пас аз мулоқот сари дастурхон низ баҳси рушди иқтисоди Тоҷикстон дар партави қарорҳои пленуми моҳи майи соли 1975 КМ ҲКИШ оид ба маҷмааи сохтмонҳои азими саноатии ҷануби Тоҷикистон идома ёфт.

Охонлаъл он вақт дар пойгоҳи энергетикии НБО Норак, бунёди Корхонаи алюминийи Тоҷикистон, заводи нуриҳои азотии Вахш, Комбинати электрохимиявии Ёвон, роҳи оҳани Душанбе-Ёвон-Қӯрғонтеппа рисолаи дипломияшро омода намуд. Метавонам ошкоро ва бо далел гӯям, ки аксари андешаҳо ва пешниҳодҳои Охонлаъл оид ба нақлиёт ва мошинсозӣ имрӯз дар иқтисоди Тоҷикистон амалӣ шудаанд.

Мулоқоти баъдии мо соли 1982 ба вуқӯъ пайваст. Он вақт ман ба ҳайси мудири шуъбаи Комитети ҳизбии шаҳри Хоруғ ва ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи саноат ва нақлиёти КМ ҲК Тоҷикистон кор мекард. Мо ҳамроҳ барномаи таҷдиди неругоҳи барқии Хоруғ ва истгоҳи барқи дизелии шаҳри Хоруғро таҳия мекардем. Он вақт иқтидори НБО Хоруғ корхонаҳои саноатӣ ва эҳтиёҷоти коммуналии шаҳрро таъмин карда наметавонист. Аз ин рӯ, дар шаҳри Хоруғ дар назди НБО Хоруғ истгоҳи барқи дизелӣ бунёд гардида, аз шаҳрҳои Череповетск, Челябинск ва Днепрпетровск дизелҳои барқӣ оварда шуданд.

Охонлаъл Оламов, дар маҷмуъ, дар бунёд ва таҷдиди 560 километр роҳи Хоруғ-Уш, сохтмони 18 купруки калонҳаҷми ВМКБ бевосита саҳми бузург гузошт. Ҳамкории зич ва муфид моҳи ноябри соли 1982 сар шуд. Он солҳо КМ ҲКИШ ва Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ санҷиш ва назорати ҳизбиро пурзӯр намуд. Ба Комиссияи назорати ҳизбӣ беҳтарин, содиқтарин мутахассисонро ҷалб карданд. Таъини раиси комиссия ваколати Москва буд. Дар ин вазифа одами Кремл таъин мешуд. Бо тавсияи Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов (рӯҳашон шод бод) аз байни 23 номзад Охонлаъл Оламов интихоб шуд. Ин вазифа ваколат ва салоҳияти беҳудуд дошт, ҳатто Прокурори ҶШС Тоҷикистон ба комиссия гузориш медод. Дар зарфи як сол бо иқдоми Охонлаъл 67 кумитаи ҳизбии шаҳрию ноҳиявӣ аз санҷиш гузашта, 17 нафар роҳбарон аз вазифа сабукдӯш шуданд.

Дарвоқеъ, дар сатҳи ҷумҳурӣ хизматҳои Охонлаъл Оламов зиёданд. Ба ҳайси вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми ноҳияи Комсомолободи собиқ (ҳоло Нуробод) корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Ҳамин аст, ки то ҳанӯз мардуми ин ноҳия ӯро ба некӣ ёд мекунанд.

Шарҳи ҳоли ин марди наҷиб ва шоистаи таҳсин пораи таърихи саноат ва нақлиёти кишвар аст. Ҳолномааш аз ин гувоҳӣ медиҳад.

Охонлаъл Оламов 1 августи соли 1943 дар деҳаи зебоманзари Шипади ноҳияи Рӯшон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1950 дар мактаби деҳааш маълумоти ибтидоиро гирифта, пас дар мактаби деҳаи Деҳ таҳсил кард. Маълумоти миёнаро дар мактаби ба номи Ленини деҳаи Баррӯшон гирифтааст.

Пас аз хатми мактаби миёна як сол дар раёсати сохтмони №1 назди “Памирстрой” кор кард.

Соли 1960 ба Институти политехникии Тоҷикистон дохил шуд ва соли 1965 онро хатм кард. Бо роҳхат ба Бадахшон фиристода шуда, дар автобазаи №50-и шаҳри Хоруғ ба ҳайси механик ба фаъолият шурӯъ намуд.

Соли 1971 қобилияти кордонии вайро ба инобат гирифта, ба комитети ҳизбии вилоят ба кор даъват карданд. Аввал дар вазифаи инструктори шӯъбаи саноат ва нақлиёт ва солҳои 1972-1974 мудири ҳамин шӯъба таъин шуда кор кард.

Солҳои 1974-1976 дар мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри Москва таҳсил намуд. Пас аз хатми мактаби ҳизбӣ чанде дар КМ ҲК Тоҷикистон ба вазифаи инструктор ва аз соли 1982 то моҳи январи соли 1989 дар вазифаи мудири шӯъбаи нақлиёт ва алоқаи КМ ҲК Тоҷикистон кор кард.

Аз моҳи январи соли 1989 то 1991 дар вазифаи ҷонишини раиси комиссияи назорати ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон ва баъдан сармутахассиси шӯъбаи хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва роҳи раёсати умури Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон адои вазифа намуд ва аз моҳи марти соли 1992 дар вазифаи Вазири нақлиёти ҶШС Тоҷикистон кор кард.

Бо ташкили ҳукумати муросои миллӣ аз вазифа озод карда шуд ва то моҳи январи соли 1993 дар вазифаи сармутахассиси шӯъбаи роҳи раёсати Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъин шуд ва то замони нопадид шуданаш ин вазифаро ба зимма дошт. Дар солҳои нобасомониҳову ҷанги шаҳрвандӣ дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе аз ҷониби шахсони номаълум гаравгон гирифта шуда, бо ҳамин тақдири минбаъдааш номаълум монд.

Оламов Охонлаъл вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати ёздаҳум) солҳои 1985-1990, аз ҳавзаи интихоботии Партизани Сурхи ноҳияи Комсомолобод интихоб шуда буд.

Дар тӯли фаъолияти меҳнатияш Оламов Охонлаъл ба мукофотҳои давлатию ҳукуматӣ қадр гардидааст.

Қозидавлат Қоимдодов

Ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дипломат