Раҳмонзода ба Президенти Ӯзбекистон эътимоднома супорид

Shared to Facebook

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода эътимодномаи худро ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев супоридааст.

Зимни маросим, ки 2 август баргузор гардид, cафир таманниёти неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ӯзбекистон расонидааст.

Дар рафти маросими мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Шавкат Мирзиёев мулоқот кардаанд. Ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намудаанд.