Президент дар Турсунзода: Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва боздид аз ангурбоғҳои маъруфи ҷумҳурӣ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 август ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Сарвари давлат нахуст марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи ҶДММ “Алюмин Проф”-ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он санги асос гузоштанд.

Зимни боздид аз ин корхона гуфта шуд, ки коргоҳи навтаъсис имконият дорад дар як сол 7200 тонна алюминийро коркард намуда, аз он наздик ба 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ истеҳсол намояд. Дар корхона намудҳои гуногуни профилҳои алюминий барои истеҳсоли дару тиреза, профилҳо барои ороиши берунаи биноҳои баландошёна, ки бо истифода аз шиша оро дода мешаванд, қисмҳои алоҳидаи мебел, карнизҳои гуногун барои овехтани парда ва боз чандин номгӯйи маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешавад. Ин номгӯйи маҳсулот асосан ба Тоҷикистон аз дигар кишварҳо ворид карда мешавад ва бо фаъол гардидани “Алюмин Проф” имконият фароҳам меояд, ки талаботи бозори дохилӣ бо чунин навъи маҳсулот аз ҳисоби истеҳсолоти худӣ қонеъ карда шавад.

Роҳбари давлат бо хаттҳои истеҳсолии корхонаи навтаъсис аз наздик шинос шуда, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулини корхона дастур доданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат ба корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли профили алюминийи “Алюмин Проф” расман оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи дуюми иншооти мазкур дар зарфи ду соли оянда бунёд мегардад.

Ҳамчунин, Президент аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода, ки дар саҳни корхонаи навтаъсис ташкил карда шуд, боздид намуданд.

Рӯзи 26 август Сарвари давлат дар шаҳри Турсунзода, ҳамчунин, Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати шаҳри Турсунзода”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти муосири таълиму тарбияи насли наврас дар он аз наздик шинос шуданд.

Ин муассисаи таълимӣ аз ду бинои дуошёна иборат буда, бо иқдоми соҳибкор Ҷӯрабек Муҳибов сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз синфхонаҳои таълимии муассиса ва шиносоӣ бо имконоти фароҳамкарда барои насли наврас дар он иқдоми соҳибкори ватаниро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Дар идомаи боздиди Президент дар шаҳри Турсунзода Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъат мавриди истифода қарор дода шуд, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд карда шудааст.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо имконоти фароҳамгардида дар бинои нави муассисаи фарҳангӣ дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати истифодаи пурраю самаранок аз шароити фароҳамгардида бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат ифтитоҳи бинои нави Мактаби кӯдаконаи санъат дар шаҳри Турсунзодаро дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои омӯзгорону ҳунаромӯзони он туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат маънидод карда, ба масъулон ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановату оламшумули миллӣ дастуру супоришҳо доданд.

Ҳамчунин, рӯзи гузашта дар шаҳри Турсунзода боғи фарҳангу фароғатии шаҳр, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Боғи фарҳангу фароғатӣ дар маркази шаҳри Турсунзода дар масоҳати умумии 3,6 гектар аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори шаҳр бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ бо назардошти талаботи замони имрӯза ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст.

Дар идомаи боздид дар шаҳри Турсунзода Сарвари давлат аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии “Fайрат-2020” дидан намуданд, ки аз ҷониби соҳибкор Урунбой Нурматов бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти ба номи Ҷура Раҳмон сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳосили аз гармхонаи мазкур бадастомада асосан дар бозори дохили ҷумҳурӣ, аз ҷумла, бозорҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта мешавад.

Президент ба соҳибкор ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ба мардум изҳори сипос намуда, иқдомҳои созандаи ӯро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат барои ҳар шахси ватандӯсту меҳанпараст ҳисобиданд.

Дар идома дар ҳамин деҳа бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-ро мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз се ошëна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 850 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби ҳамин соҳибкор бунёд гардидааст.

Президент иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи дониш ифтитоҳи иншоотро тӯҳфаи арзанда ба омӯзгорону хонандагон ва қадами устувор дар самти рушди соҳаи маорифи шаҳр маънидод намуданд.

Рӯзи 26 август, дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Боғи Сомон” дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд. Ин хоҷагии деҳқонӣ соли 2008 бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат таъсис ёфта, масоҳати умумии он 589 гектарро дар бар мегирад.

Ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 10 навъи ангур аз ҷумла “ҳусайнии сиёҳ ва сафед”, “ғалаба”, “шоҳона”, “пешпазак”, “кишмиши сиёҳу сафед” “Президент”, ки асосан навъҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш карда мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолгардида дар баробари таъмини фаровонии бозори дохилӣ ба Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон содирот карда мешавад. Соли гузашта хоҷагидорон беш аз 5 ҳазор тонна ангурро ба хориҷи кишвар содирот карда ва имсол низ нақша доранд, ки наздик ба 6 ҳазор тонна маҳсулот содирот намоянд.

Президент баъди шиносоӣ бо фаъолияти боғпарварон ва боздид аз токзори намунавии хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон”, ба фаъолияти сермашаққату пурсамари боғдорон баҳои баланд доданд.

Дар ҳамин ҷо Президент бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқонон, ки ба намоиш гузошта шуд, шинос шуданд.

Зимнан, дар хоҷагӣ дар баробари ангурпарварӣ ба чорводорӣ низ диққати махсус равона шудааст. Айни ҳол дар хоҷагӣ зиёда 5200 сар гусфанд парвариш карда мешавад. Барои истеҳсоли гӯшт низ хоҷагӣ дар ихтиёри худ беш аз 50 сар чорвои калон дорад.

Барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истеҳсолу содироти навъҳои гуногуни ангур ба хориҷи кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Рӯзи гузашта дар идомаи ин сафар ба шаҳри Турсунзода Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” биздид намуданд. Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” соли 2011 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 105 гектар замин дорад ва аз ин ҳисоб 100 гектараш токзор мебошад.

Президент дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” аз боғи ангур, ки бо санъати баланди касбӣ кишту парвариш меёбад, шинос шуда, таъкид намуданд, ки аз хушаҳои сербори токҳои ангур айён аст, ки ҳосилнокӣ имсол фаровон аст.

Бо дар назардошти таҷрибаи бойи ин деҳқони асил дар соҳаи ангурпарварӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар заминаи хоҷагии мазкур машғулиятҳои амалии саҳроӣ бо ҷалби мутахассисони хоҷагиҳои токпарварии мамлакат ҳамасола ташкил ва баргузор карда шавад. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир амалан хубтару беҳтар омӯхтани нозукиҳои бунёди боғу токзор буда, ба ин восита барқарор ва васеъ кардани замини боғҳои ангур дар мамлакат мебошад. Истифодаи босамари таҷрибаи мазкур имкон медиҳад, ки истеҳсоли ангур дар ҷумҳурӣ ба маротиб зиёд гардида, содироти он ба хориҷи кишвар бештар карда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ дар баробари таъмини бозори дохилӣ аз ҳисоби хоҷагии мазкур қариб 500 тонна ангур ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст ва ин раванд идома дорад.

Президент зимни шиносоӣ аз натиҷаи заҳмати боғдорон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои ангур, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат, анҷоми корҳои хайр ва саҳм гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ба роҳбарияти хоҷагӣ изҳори сипос карда, ба онҳо барори кор таманно намуданд.