Сӯзишвории авиатсионӣ, гази моеъ ва алюминий: Тоҷикистону Туркманистон боз чор санад имзо карданд

Shared to Facebook

Дар зимни Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон 4 созишнома ва меморандум ба имзо расонидаанд. Ин санадҳо воридоти 50 ҳазор тонна кокси нафтӣ, 50 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, гази моеъ, маҳсулоти кимиёвӣ ва нуриҳои минералӣ ба Тоҷикистон ва содироти 10 ҳазор тонна алюминий дар як сол ба Туркманистон, инчунин пешниҳоди тарофаҳои рақобатпазир барои интиқол ва транзити молу маҳсулот тавассути роҳи оҳанро дар бар мегиранд.

Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод.

Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 6 август дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар минтақаи сайёҳии “Аваза”-и Туркманбошӣ баргузор гардид.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ки дар Форум ҳайати ҷумҳуриро роҳбарӣ мекард, гуфт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи афзалиятноки аввалиндараҷа медиҳанд.

Зикр гардид, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай таҷрибаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро доро буда, Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ тадбирҳоро оид ба татбиқи Барномаҳои байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин якчанд харитаи роҳ доир ба афзоиши гардиши савдо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ менамояд. Дар натиҷа ҳиссаи тиҷорати молҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гардиши савдои хориҷии кишвар то 28,3 фоиз зиёд шудааст.

Завқизода З.А. имкониятҳои васеи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика ва Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар соҳаҳои обу энергетика муаррифӣ намуданд.

“Дар Форум мубодилаи афкор ва муҳокимаи васеъ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ ва амиқсозии равандҳои ҳамгироӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодии кишварҳо сурат гирифт”, — хабар дод манбаъ.

Ҳайати Тоҷикистон изҳори боварӣ намудааст, ки натиҷаҳои Форум барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мусоидат менамояд.