Сафири Тоҷикистон ба Президенти Туркия эътимоднома супорид

Shared to Facebook

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов ба Президенти он кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон эътимодномаи худро супоридааст. 

Дар маросими супоридани эътимоднома, ки 1 сентябр баргузор гардид, Сафири Тоҷикистон таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон расонидааст.

Дар суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.