Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Қазоқистон

Shared to Facebook

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намудааст. Ҷонибҳо барои густариши равобит ҳавасмандӣ изҳор доштаанд.

Бо шарофати сиёсати сарони олии ду кишвари ба ҳам дӯст ҳамкории судманд дар бахшҳои мухталиф густариш ёфта истодааст, гуфта шудааст дар мулоқот:

“Раиси вилоят аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар вилоят садҳо корхонаҳои хурду бузург сохта мавриди истифода қарор мегиранд. Феълан бо саҳми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон корхонаҳои муштарак бунёд гардида истодаанд. Яъне дар ин самт соҳибкорони ду кишвар таҷрибаи хуб ба даст оварда, амалӣ гардидани нақшаҳои муштараки созанда идома дорад”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд.

Ба Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев зарфиятҳои иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ муаррифӣ карда шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ гуфтааст, дар вилоят майдони кишти пахта сол аз сол бештар мегардад:

“Ҳоло барои то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани пахта шароиту имконот мавҷуд аст ва дар сурати бунёди корхонаҳои муштарак ин тадбир ба нафъи ҷонибҳо хоҳад буд”, — гуфтааст ӯ.

Зимнан, асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро беш аз 75 санад ташкил дода ҷонибҳо дар соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ, фарҳангу санъат, маориф ва савдою сармоя ҳамкориҳои густурда доранд.