Раиси шаҳри Душанбе: санги асос ба сохтмони иншооти нави ВКД

Shared to Facebook Shared to Max

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оғози сохтмони маҷмааи биноҳои шуъбаи ВКД №2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, муассисаи нақлиётӣ ва шуъбаи БДА дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд, хабар додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Маҷмаа аз се бино иборат буда, дар масоҳати 1,56 гектар бунёд мегардад. Биноҳо аз панҷ ошёна бо таҳхона иборат буда, бо утоқҳои корӣ ва инфрасохтори зарурӣ таъмин хоҳанд шуд.

Иншоот инчунин дорои майдончаи тамрин, майдони варзишӣ ва таваққуфгоҳҳо мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулон ҷиҳати дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе