Иштироки Президенти Тоҷикистон дар гузашти низомӣ ва маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 76 — солагии Рӯзи Ғалаба

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) рӯзи 9 май аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 76-солагии Ғалаба боздид намуд.

Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Русия Владимир Путин истиқбол гирифт.

Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 12 ҳазор низомӣ иштирок намуданд.

Мақомоти Русия гуфтанд, дар паради ҳарбӣ 190 техника ва 76 тайёраи ҳарбӣ истифода гардида, 35 намунаи муосиртарин техникаи ҳарбӣ — мудофиавӣ муаррифӣ карда шуд.

Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Владимир Путин дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.