Нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Русия

Shared to Facebook

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 24 ноябр, бо сафари расмӣ ба Русия рафт.

Ин нахустин сафари расмии ӯ ба Русия аст.

Бино ба хабари котиботи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Рустами Эмомалиро дар ин сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳайати тоҷикистониро дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Маскав муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Илёс Умаханов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Барномаи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба Русия нашр нашудааст, аммо “Спутник” бо такя ба маълумоти дафтари матбуоти Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия хабар дод, ки имрӯз раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко бо раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот мекунад.

Зикр мегардад, ин мулоқот дар доираи сафари расмии ҳайати Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия бо даъвати раиси Шӯрои Федератсия баргузор мешавад.

Ба маълумоти манбаъ, фардо, 25 ноябр, ҷаласаи Комиссияи ҳамкории Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко суханронӣ мекунанд.