Тоҷикистон барои иштирок дар василаҳои сулҳофарии СААД дар Қазоқистон омода аст

Shared to Facebook

Тоҷикистон омода аст, ки тибқи ӯҳдадориҳои ҳампаймонии худ дар василаҳои сулҳофарии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Қазоқистон иштирок намояд.

Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ, ки рӯзи 5 январ бо Сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Никол Пашинян сурат гирифт, изҳор доштаанд.

“Зимни суҳбат Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муроҷиати расмии узви Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Тоқаев дар бораи расонидани кумак аз ҷониби кишварҳои узви Созмон дар бартараф намудани таҳдиди бамиёномада маълумот дод.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД тибқи ӯҳдадориҳои ҳампаймонии худ эълом намуданд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.