Нуралиев хост, бонкҳо фаъол ва муттаҳид бошанд

Shared to Facebook

Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ҳамкориро бо бонкҳои хориҷӣ тақвият медиҳанд

Бонки миллии Тоҷикистон аз роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ хостааст, ки барои баланд бардоштани рейтинги қарзии кишвар ҳамкории судмандро бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, барои беҳтар намудани низоми идоракунӣ, ҷалби кӯмаки техникӣ ҷиҳати баҳогузории вазъи кунунӣ, пурзӯр намудани заминаи ҳуқуқӣ, гузаронидани рейтинги байналмилалии ташкилотҳои қарзӣ, тақвияти идоракунии корпоративӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои дохилӣ ба талаботҳои бонкҳои хориҷӣ, ҷалби ширкатҳои машваратӣ барои муайян намудани қадамҳои минбаъда, тақвияти низоми назорати дохилӣ ва ташкили воҳиди мувофиқ барои ба роҳ мондани назорати дохилӣ дар сохторҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ талош варзанд.

Ин нуктаро муовини якуми Раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев зимни нишасти “Тақвияти муносибатҳои муросилотӣ” изҳор доштааст.

Дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар иштирок кардаанд.

Ин ҷаласаи корӣ бо ҳадафи вусъат додани раванди кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар хориҷи кишвар, бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта дар ин самт ва пурзӯр намудани фаъолияти низоми идоракунии хавфи комплаенс дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ баргузор шудааст.

Бо таъкиди ин нукта Нуралиев гуфтааст, ташкилотҳои қарзӣ ҳарчи зудтар корро дар самти дастрасӣ ба суратҳисобҳои муросилотӣ бо бонкҳои хориҷӣ ҷоннок намоянд:

“Новобаста аз кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ тайи чанд соли охир, ҳоло ҳам зарурати тақвияти муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои хориҷӣ ва ҳарчи бештар кардани шумораи суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои хориҷӣ барои низоми бонкии кишвар аз манфиат холӣ нест”, — изҳор дошт муовини якуми Раиси БМТ.

Бино ба гузориши бахши матбуоти БМТ, таваҷҷуҳи ҳозирин ба як қатор тадбирҳои андешидашуда дар раванди кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ҷалб карда шуд. Иштирок ва муҳокимаронӣ намудани ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони бонкҳои ҷумҳурӣ – “Амонатбонк”, “Ориёнбонк”, “Спитаменбонк”, “Бонки Эсхата”, “Аввалин бонки молиявии хурд”, “Соҳибкорбoнк” ва ҶДММ ТАҚХ “Арванд” дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи “Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Вашингтон (соли 2018) аз ҷумлаи онҳо будааст. Дар рафти ин ҷаласа вобаста ба имконияти Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар таҳкими муколамаи мусоид ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкӣ барои кишварҳои минтақа, инчунин саҳми ширкатҳои консалтингӣ дар таҳкими муносибатҳои муросилотӣ ва имконияти роҳбаладии ХБА барои муколамаи мусоид дар минтақа баҳри рушди иқтисодиёт ва суботи молиявӣ ҷониби Тоҷикистон ибрози назар карда шуд.

Ҳамзамон, дар мулоқот бо намояндагони Ширкати консалтингии “NAVIGANT” (2018, Вашингтон, ИМА) Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид бар он доштааст, ки барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба рушди воқеии на танҳо низоми бонкӣ, балки иқтисодиёти кишварҳои минтақа, вазъи молиявии онҳо мусоидат хоҳад кард ва низоми бонкии Тоҷикистон низ ба ин раванд ҳавасманд мебошад.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ Ҷамолиддин Нуралиев диққати ҳозиринро ба масъалаҳое, ки барои ташкилотҳои қарзии ватанӣ ҷиҳати барқарор намудани суратҳисобҳои муросилотӣ дар хориҷи кишвар муҳим арзёбӣ мегардад, ҷалб намуда, то ҳол мавҷуд будани омилҳои маҳдудият ва тавсеаи суратҳисобҳои муросилотӣ, мушкилот дар риоя ва татбиқи талаботҳои байналмилалӣ, назорати дохилӣ, комплаенс дар ташкилотҳои қарзии молиявии кишварро зикр сохта, аҳли нишастро бо тамоюли шумораи суратҳисобҳо, суратҳисобҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи минтақа ва кишварҳо дар соли 2020, зарурати диверсификатсия ва васеъ намудани муносибатҳои муросилотӣ, мушкилиҳо дар самти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, омилҳо дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои кушодани суратҳисобҳои муросилотии дохилӣ дар бонкҳои хориҷӣ, чораҳо дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва аз раванди ҳамкориҳои роҳандозишуда бо коршиносони байналмилалӣ дар ин самт шинос намудааст.

Дар ҷаласа аз натиҷаи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2020 оид ба дастрасии кӯмаки техникӣ дар самти мусоидат ба кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои хориҷӣ гузориш дода шудааст.

Роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба масъалаҳои ҷорӣ пешниҳодҳои худро оид ба роҳҳои барқарор кардани суратҳисобҳои муросилотӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, саҳми ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳалли масъалаи мазкур, дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт ва кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ изҳори андеша кардаанд.

Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев дар анҷоми ҷаласа таъкид намудааст, ки кор дар самти муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома дода мешавад ва ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ бояд фаъол ва муттаҳид бошанд.