Ҷаласаи сарвазирони ИДМ дар Минск: Қоҳир Расулзода аз тадбирҳои мушаххаси Тоҷикистон гуфт

Shared to Facebook

28 май дар шаҳри Минск — пойтахти Беларус, ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳам дар ҷаласа иштирок ва суханронӣ кардааст.

Кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони кишварҳои узви ИДМ бо мулоқоти президенти Беларус Александр Лукашенко бо сарони ҳукуматҳо — сарвазирони кишварҳои узв оғоз гардид.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Беларус, зимни мулоқот муҳимтарин масъалаҳои фарогири ҳамгироии давлатҳои узви иттиҳод, аз қабили иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, саноату кишоварзӣ, гумрук, сайёҳӣ, фарҳанг ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Сипас кори ҷаласа дар доираи маҳдуд ва васеъ идома ёфт.

Тибқи гузориши котиботи ИДМ, дар ҷаласаи Шӯро беш аз 10 муҳимтарин масъалаи фарогири самтҳои гуногуни ҳамгироии давлатҳои узви иттиҳод, аз ҷумла, Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ, Нақшаи миёнамӯҳлати амалиёти муштараки кишварҳои узви ИДМ доир ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, Созишнома дар самти амнияти санитарӣ дар ҳудуди кишварҳои узви ИДМ ва Созишнома дар соҳаи ҳамкорӣ дар самти ба шуғл фаро гирифтани аҳолии кишварҳои узви ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зикр гардидааст, ки дар замони паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти неки кишварҳои узви ИДМ буд, ки то андозае пеши роҳи пастравии иқтисодиёт дар минтақа гирифта шуда, барои муолиҷа ва пешгирии густариши бемории сироятӣ бо истифода аз таҷрибаи мутахассисони кишварҳои дӯст чораҳои мушаххас амалӣ гардид.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласа таъкид доштааст, “тадбирҳои мушаххасе, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои узви ИДМ ба роҳ мондааст, аз принсипҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва эътимод, ҳамкории мутақобилан судманд ва баррасии манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо асос ёфтаанд ва оянда низ ба хотири тақвият бахшидани ҳамгироӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳад шуд”.

Дар анҷоми кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Минск санадҳои зерин ба имзо расидаанд:

— Созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ оид ба огоҳонӣ дар хусуси воридот ва истифодаи маҳсулот бо нишонаҳои дурӯғин ва мушаххас набудани кишвари истеҳсолкунанда;

— Консепсияи ниҳодҳои давлатии ҳокимият (иҷроия), ки идораи захираҳои молиявиро дар кишварҳои узви ИДМ амалӣ менамоянд, барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабинии асосӣ дар самти амалисозии он;

— Тадбирандешии маҷмӯавии кишварҳои узви ИДМ дар хусуси пешгирӣ ва мубориза бо Яшур (бемории сироятии чорво) дар давраи то соли 2025;

— Протоколи ворид намудани тағйирот дар созишномаи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар самти геодезия, харитасозӣ, кадастр ва банақшагирии фосилавии замин, аз 9-уми октябри соли 1992.