Натиҷаҳои неку бобарори сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон

Shared to Facebook

Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, ки рӯзи 2 июни имсол оғоз шуд, 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Сафари расмӣ “бо натиҷаҳои неку бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон” рӯзи 3 июн ба анҷом расида, Сарвари давлат ба ватан баргаштанд.

Покистон нишон дод, ки ба сафари расмии Президенти Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ дидааст. Ҳанӯз аз фазо, баробари ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Покистон, бо нишони эҳтироми хос нисбат ба меҳмони олимақом 6 ҳавопаймои Неруҳои ҳарбии ҳавоии Покистон ҳавопаймои махсуси Президенти Тоҷикистонро то вуруд ба фурудгоҳи шаҳри Исломобод ҳамроҳӣ карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Ба истиқболи меҳмони олиқадр фурудгоҳи байналмилалӣ ва кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Исломобод бо парчамҳои ду кишвар, аксҳои Президенти Тоҷикистон, Сарвазир ва Президенти Покистон, инчунин шиору овезаҳои ифодакунандаи дӯстии мардумони ду давлат оро дода шуданд.  

Сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири он кишвар оғоз ёфт.

Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Покистон Имрон Хон гарму самимӣ истиқбол гирифта, дар ҳамин ҷо маросими истиқболи расмӣ баргузор гардид.

Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ниҳоли дӯстӣ шинонданд.

Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон гуфт, ҷараёни маросими истиқболи расмӣ тавассути бисёр шабакаҳои телевизионии Покистон ба таври мустақим намоиш дода шуд.

Баррасии масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Сарвазири Покистон оғоз ёфта, зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо, инчунин, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти Тоҷикистон аз пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Покистон изҳори сипосу хушнудӣ карда, ба аҳамияти муносиботи ду кишвар таъкид намуданд:

“Мо ҷойгоҳи геостратегии Покистон ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим мешуморем. Мо омодаем тамоми имкониятҳоро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории кишварҳоямон ҳадафмандона истифода барем”, — изҳор доштанд Сарвари давлат.

Зимни музокироти расмӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва дигар самтҳои робитаҳои барои ҳар ду давлат судманд гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Таъкид гардидаст, ки бо дарназардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла вобаста ба пандемияи КОВИД-19 рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ, саноат ва ҷалби сармоя, бояд яке самтҳои асосии талошҳои муштараки ҷонибҳо бошад.

Зарур шумурда шуд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ, фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ идома бахшида шуда, ҳамзамон кори Шӯрои муштараки соҳибкорон ва Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор фаъол гардонида шавад.

Татбиқи муштараки лоиҳаи САSA-1000 дар соҳаи энергетика намунаи олии ҳамкории ду кишвар арзёбӣ мешавад ва яке аз масъалаҳои муҳим дар доираи лоиҳаи САSA-1000 саривақт анҷом додани корҳои сохтмонию васлкунӣ ба шумор меравад.

Соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои ду кишвар буда, Тоҷикистон омодаи тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар ин соҳа, алалхусус, доир ба пайвастани Тоҷикистон бо бандарҳои баҳрии Покистон — Қарочӣ ва Гвадар аз тариқи ташаккул додани долонҳои транзитиву нақлиётӣ мебошад.

Ба роҳ мондани парвозҳои боркашонии (карго) байни ду кишвар омили афзоиши табодули молу маҳсулот маънидод гардид.

Зимнан, ба мақсади тавсеаи ҳамкориҳо дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии сеҷониба оид ба ҳамлу нақли транзитӣ ва тиҷорат байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон таҳия гардидаст ва дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат пешниҳод гардид, ки ҳамкории ҷонибҳо дар бахши саноати сабук ва коркарди маҳсулот, инчунин дорусозӣ, таъсис додани корхонаҳои муштараки саноатии истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо иштирок ва сармоягузории ширкатҳои покистонӣ ба роҳ монда шавад.

Дар соҳаи кишоварзӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои чорводорӣ, растанипарварӣ, мубодилаи таҷриба дар самти селексияи тухмии зироатҳои ғалладонагӣ, лубиёгӣ, равғандиҳанда ва бозомӯзии мутахассисони тарафҳо, ҳавасмандии худро иброз доштанд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ, бахусус таъмини амнияти минтақа, Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, шарики табиӣ номида шуд.

Дар робита ба вазъи мураккаби сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон таъкид шуд, ки Тоҷикистон хоҳони ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу субот дар он мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон дар оянда низ тавсеа ёфта, ба манфиати ду мардуми дӯст хизмат хоҳанд кард.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии ҳукумат ва мардуми Покистон изҳори сипоси беандоза карда, аз Сарвазири Покистон Имрон Хон ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Зери “Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон” Президенти Тоҷикистон ва Сарвазири Покистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шудаст:

— Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индуси Покистон;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Кветтаи Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Сиалкоти Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Созишнома байни Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат;

— Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Тафоҳумнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии СОМSАТS-и Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Худи ҳамон рӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Покистон бо Президенти он кишвар Ориф Алвӣ мулоқот карданд.

Сарвари давлат аз даъвати ҷониби Покистон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва имкони вохӯрӣ барои баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба изҳори сипосу қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Покистон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Ҷонибҳо оид ба афзоиши боз ҳам бештари додугирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ карда, барои расидан ба ин ҳадаф таквияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникиро зарур шумурданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи саноат, кишоварзӣ, энергетика, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Татбиқи лоиҳаи САSA-1000 дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётӣ аз Тоҷикистон то бандарҳои баҳрии Покистон-Карочӣ ва Гвадар ҷиҳати тавсеа бахшидани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ гардид.

Таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ яке аз пояҳои устувори рушди муносибатҳо байни кишварҳо маънидод карда шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои таъмини амният дар минтақа оид ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша карданд. Вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон заруранд, истиқбол мекунад.

Дар охири мулоқот Президенти Тоҷикистон аз Президенти Покистон ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Рӯзи гузашта дар доираи сафари расмӣ ба Покистон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот карданд.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кунунии муносибатҳо байни ду давлат ва сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо барои боз ҳам фаъол гардонидани робитаҳои байнипарламентӣ зарур шумурданд, ки тамосҳои ду кишвар тавассути гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва умуман мақомоти қонунбарори ду кишвар идома дода шавад.

Таъкид гардид, ки барои пешбурди муносибатҳо ва ҷиҳати амалӣ сохтани талошҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, алоқаи ҳавоӣ, мудофиа ва амният, мақомоти парлумонии ду кишвар метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.

Дар охири мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон баробар бо манфиатҳои миллии ду ҷониб боз ҳам тавсеа ёфта, рушд мекунанд. 

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии давлат ва мардуми Покистон изҳори сипос карда, аз Раиси Сенати он кишвар Содиқ Санҷронӣ ҷиҳати анҷом додани боздид аз сарзамини Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Ҳамчунин, рӯзи 3 июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Покистон бо Вазири корҳои хориҷии он кишвар Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.