16 апрели соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд Форуми сеюми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» оғоз гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир шуда, зиёда аз 500 намояндаи соҳаи сайёҳӣ аз 9 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овард, ки аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Форум ба майдони муҳими муколама табдил ёфта, дар он масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоя, такмили инфрасохтори сайёҳӣ ва табодули таҷриба баррасӣ мешаванд.
Қисмати расмиро Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, имкониятҳои васеи вилоятро дар рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ таъкид намуд.
Ба таъкиди ташкилкунандагон, чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкориҳо ва баланд бардоштани ҷалби сармоя мусоидат мекунанд.
Акс: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд






