Оғози нашри китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров

Shared to Facebook

Дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чопи китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз тарафи чопхонаи “Нашриёти муосир” оғоз шудааст.

Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Президент, нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мегардад:

“Нашри китоби “Тоҷикон” ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар боз як иқдоми ватандӯстонаи Пешвои муаззами халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад”, — таъкид медорад манбаъ.

Президенти Тоҷикистон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, аз 26 декабри соли 2019, ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки “бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.

Ҳамчунин, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд:

“Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард”, — гуфтанд Сарвари давлат.