Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Подшоҳи Белгия

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 12 октябр, дар шаҳри Брюссел бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп мулоқот карданд.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории неки дуҷонибаи судманд бо Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

Президенти Тоҷикистон аз пазироии дӯстона ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Белгия изҳори сипос карда, бо таассуроти нек аз сафарҳои қаблӣ ба Подшоҳии Белгия, бахусус аввалин мулоқот бо Аълоҳазрат Подшоҳ Алберти II, таъкид намудаанд, ки Подшоҳии Белгия яке аз мамлакатҳои калидии қитъаи Аврупо, кишвари дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо мебошад:

“Дар мавриди рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба соҳаҳои энергетика,  бахшҳои мухталифи саноат ва ҷалби технологияҳои муосирба иқтисоди Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои ояндадори шарикии ду кишвар номбар карда шуд”, — омадааст дар хабар.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои робитаҳои кишварҳоро дар сатҳи минтақавӣ муҳокима кардаанд.

Бо пуштибонӣ аз иқдомҳои якдигар дар ҳалли масоили глобалии сайёра, таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон номзадии Белгияро барои ишғол кардани мақоми узви ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид барои солҳои 2019-2020 ва Подшоҳии Белгия, дар навбати худ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар масоили глобалии об ва иқлим ҷонибдорӣ намуданд.

Аз қабули барнома ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он табодули афкор намудаанд.

Таъкид гардидааст, ки амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон иртиботи бевосита дорад.

Зикр гардидааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мебошад ва Созмони Милали Муттаҳид бояд дар пешбурди ин раванд нақши калидӣ дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҷиҳати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шудаанд. Ҷонибҳо ҳамчунин роҳҳои муассири истиқрори сулҳу субот дар ин кишварро баррасӣ намудаанд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кибер-ҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагӣ намуданд, хабар дод манбаъ.

Президент кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп барои боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват ба амал овардаанд.