Эмомалӣ Раҳмон ва Матвиенко ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 феврал Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарламентии “Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақаӣ” дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарламентии ду кишвар баррасӣ шуданд:

“Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории кишварҳо дар сатҳи олӣ ва муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карда, ба саҳми шахсии Валентина Матвиенко дар таҳкими маҷмӯи робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд доданд”, — хабар дод манбаъ.

Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории кишварҳо оид ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми байнипарламентии Тоҷикистон-Русия дар густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша кардаанд.

Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо, гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Ҳарду ҷониб ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳо дар бахши маориф, рушди забони русӣ, таъмини омӯзгорон барои мактабҳои русӣ, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва ҷудо кардани бурсияҳои донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони кишвари мо мулоҳизаҳои судманд баён намуданд, гуфта шудааст дар иттилоия.

Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин, доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир табодули афкор сурат гирифтааст.